29-уми октябри соли равон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ чорабинии илмӣ-маърифатӣ дар мавзуи “Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти меъёрҳои конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, мудири бахши инноватсия ва рақамикунонии фаъолияти судии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Бобоев, декани факултет Қаландар Сафарзода, омӯзгорону донишҷӯён  иштирок ва баромад намуданд.

Чорабиниро декани факултет Қаландар Сафарзода қайд кард, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат ифодагари соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, адолат ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад ва қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди бузург ва тақдирсоз мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад, пурра ҷавобгӯи талаботи нави замон буда, дар воқеъ қонуни ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи халқу давлат мебошад.

Қутбиддин Муқимзода дар баромадаш зикр намуд, ки дар давоми 32 сол ин санади сарнавиштсоз дар бунёди давлати навини тоҷикон, таҳкими Истиқлолият, ташкили фаъолияти мақомоти давлатӣ ва танзими тамоми масъалаҳои муҳими ҷамъиятӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ нақши муассир гузошт.

Шаҳноза Ғафорова зимни баромад иброз намуд, ки дар ҳақиқат, ҳар яки мо бояд барои сарбаландӣ, ободӣ ва пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем. Эҳтиром ба Конститутсия ва риояи меъёрҳои он нишонаи масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба давлату миллат мебошад. Конститутсия пояи низоми ҳуқуқии кишвар буда, барои таҳия ва қабули қонунҳо заминаи асосӣ фароҳам меорад.

Фирӯз Бобоев дар мавзуи “Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд кард, ки қабул ва татбиқи Конститутсия барои таҳкими дастовардҳои давлат, мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, таъмини ваҳдату осоиштагӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овард.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА