Бо мақсади шиносоӣ бо шароити зисту таҳсили донишҷӯён, таҳкими робитаи садорати факултет бо донишҷӯён ва беҳтар намудани фазои тарбиявию маърифатӣ намояндагони факултети иқтисод ва идоракунии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз хобгоҳи донишгоҳ боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда суҳбати самимӣ баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба шароити зист, риояи тартиботи дохилӣ, тозагию озодагӣ, муносибати эҳтиёткорона ба молу мулки ҷамъиятӣ ва истифодаи самараноки вақти холӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи донишҷӯён ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш, иштироки фаъолона дар корҳои илмию фарҳангӣ, риояи одоби муошират, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб ҷалб карда шуд.

Намояндагони факултет таъкид намуданд, ки донишҷӯён бояд аз шароити фароҳамовардаи донишгоҳ самаранок истифода бурда, дар нигоҳдории тозагӣ, ободонӣ ва беҳтар намудани муҳити хобгоҳ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён андеша ва пешниҳодҳои худро вобаста ба беҳтар намудани шароити зист баён намуда, аз ҷониби масъулон ба масъалаҳои пешниҳодгардида таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия