ЛИБОСИ МИЛЛӢ - НИШОНАИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
Дар доираи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо усули «факултет бо факултет» ва бо мақсади тарбияи ахлоқии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати фарҳангии онҳо, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ 30 сентябр дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо иштироки кормандони раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ дарси тарбиявӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ - нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллии тоҷикон» доир гардид.
Чорабинӣ бо ҳадафи шиносоии донишҷӯён бо анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин муаррифии либосҳои суннатии тоҷикон, аз ҷумла атлас, адрас ва чакан баргузор шуд.
Эдвайзер оид ба тарбияи факултет Самариддини Шоҳназар зимни оғози дарси тарбиявӣ таъкид намуд, ки арҷгузорӣ ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳои либоспӯшӣ ва расму оинҳои мардумӣ аз омилҳои муҳими тарбияи ҷавонон ба ҳисоб меравад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ ва ташаккули фарҳанги дурусти либоспӯшии донишҷӯён мусоидат мекунад.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова дар мавриди масъалаҳои марбут ба ахлоқ, маърифати фарҳангӣ ва фаъолнокии донишҷӯдухтарон андешаронӣ кард. Ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсилу омӯзиш ва фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса ба шумор меравад.
Ҳамзамон, Шаҳноза Ғафорова ба масъалаи ташаккули маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон таваҷҷуҳ намуда, зарурати риояи муқаррароти Дастурамали қоидаҳои либоспӯшӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва олии касбиро таъкид кард. Барои тақвияти фарҳанги либоспӯшӣ ва расидагӣ ба масъалаҳои рӯзмарраи донишҷӯдухтарон бояд корҳои тарбиявӣ пайваста ва ҳадафмандона ба роҳ монда шаванд.
Раиси шурои занон ва духтарони факултет Гулҷаҳон Хоҷахонова зимни суханронӣ гуфт, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, либосҳои суннатии тоҷикӣ дар тӯли қарнҳо вижагиҳои хоси худро ҳифз намуда, имрӯз низ ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ муаррифӣ мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба фарҳанги либоспӯшӣ, риояи қоидаҳои муқарраргардида ва нақши либоси миллӣ дар ҳифзу муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Садорати факултет таъкид намуд, ки минбаъд низ ҷиҳати муаррифӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ тибқи талаботи дастурамали либосҳои тавсиявӣ чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро идома хоҳад дод.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng