Бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 8-уми сентябри соли равон дар саҳни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ансамбли «Ҷавонӣ»-и назди донишгоҳ таҳти роҳбарии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод намуд. Ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои дилнишин, ки саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ, дӯстиву ваҳдат, ҷавонӣ ва муҳаббат ба Ватани биҳиштосо буданд, ба маҳфил ҳусну таровати тоза бахшиданд.
Барномаи рангини консертӣ ба иштирокчиён рӯҳияи идона бахшида, эҳсоси ифтихор аз соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолро боз ҳам таҳким бахшид.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баробари аҳамияти фарҳангӣ доштан, барои таҳкими ҷаҳонбинии сиёсӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонони худшиносу ватандӯст, инчунин, шаҳрвандони бошуур ва масъулиятшинос, нақши муҳим дорад.
Тағоймурод ЭШЗОДА