Донишҷӯи курси чоруми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шоҳимардонзода Муҳаммад Азаматшоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи сеюм ва дипломи дараҷаи III гардид.

Озмуни мазкур ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарғиби арзишҳои конститутсионӣ, эҳтиром ба қонун ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад.

Шоҳимардонзода Муҳаммад Азаматшоҳ дар ҷараёни озмун бо нишон додани дониши амиқи ҳуқуқӣ, маҳорати зеҳнӣ ва омодагии ҳамаҷониба миёни иштирокчиён натиҷаи назаррас ба даст оварда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ба муносибати ин дастоварди арзишманд ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон донишҷӯро ба ҳузур пазируфта, ӯро самимона табрик намуд. Зимни мулоқот ректори донишгоҳ дастоварди Муҳаммад Шоҳимардонзодаро натиҷаи заҳмати пайваста, омӯзиши мақсаднок ва масъулиятшиносӣ арзёбӣ намуда, дар роҳи донишандӯзӣ ва ноил гардидан ба муваффақиятҳои нави илмиву касбӣ барояш комёбиҳо орзу кард.

Қобили зикр аст, ки дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд, рушди неруи зеҳнӣ ва ҷалби онҳо ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ин дастоварди донишҷӯ боиси ифтихори ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ буда, барои ҷавонони дигар низ намунаи ибрат ва ангезаи нав дар роҳи омӯзиши илм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва худтакмилдиҳӣ мебошад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия