Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки фаъоли донишҷӯёни ихтисоси 1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмии факултети ҳисобдорӣ ва омор чорабинии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Таҷрибаи менеҷменти кишварҳои хориҷӣ ва татбиқи амалии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода иброз намуд, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки идоракунии дуруст, истифодаи технологияҳои муосир, ҳавасмандгардонии кормандон ва қабули қарорҳои асоснок барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, истифодаи оқилонаи захираҳо ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодиёт аҳамияти муҳим доранд. Тадбиқи усулҳои самараноки идоракунӣ метавонад ба беҳтар гардидани фаъолияти корхонаҳои ватанӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоту хизматрасонӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар мусоидат намояд.

Сипас, дотсенти кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Давлатмо Назарамонова қайд кард, ки омӯзиши равандҳои ислоҳоти идоракунӣ ва таҳлили таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ аҳамияти махсус дорад.

Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯён вобаста ба самтҳои гуногуни менеҷменти байналмилалӣ маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, Муҳаммадрофеъ Насриддинзода дар мавзуи «Модели ҷопонии менеҷмент», Дилсора Раҷабзода дар мавзуи «Фарҳанги корпоративӣ ва кори дастҷамъона дар менеҷменти ҷопонӣ», Ансорӣ Ғафуров дар мавзуи «Модели амрикоии менеҷмент», Шаҳром Қурбонзода дар мавзуи «Фарҳанги корпоративӣ ва кори дастҷамъона дар менеҷменти амрикоӣ», Абдулло Қурбонов дар мавзуи «Ҳавасмандгардонӣ ва муносибат ба кормандон: ИМА ва Ҷопон», Фотима Бобомуродова дар мавзуи «Идоракунӣ ва қабули қарорҳо дар ИМА ва Ҷопон» ва Зуҳро Бобомуродова бошад, дар мавзуи «Таҳлили муқоисавии моделҳои менеҷмент» баромад карданд.

Донишҷӯён монандиҳо ва фарқиятҳои моделҳои ҷопонӣ ва амрикоии менеҷментро таҳлил намуда, ба масъалаҳои тарзи роҳбарӣ, тақсимоти масъулият, муносибат ба кормандон ва усулҳои қабули қарорҳо таваҷҷуҳ карданд. Зикр гардид, ки модели ҷопонӣ бештар ба ҳамкории дастҷамъона ва мувофиқаи тарафҳо аҳамият медиҳад, дар ҳоле ки модели амрикоӣ ба масъулияти инфиродӣ, натиҷаҳои ченшаванда ва суръати қабули қарорҳо диққати махсус медиҳад.

Дар муҳокимаҳо гуфта шуд, ки татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ бояд бо назардошти хусусиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон сурат гирад. Зарур аст, ки принсипҳои беҳтарини байналмилалӣ бо шароити воқеии кишвар мутобиқ карда шуда, дар асоси омӯзиш, таҳлил ва арзёбии натиҷаҳо ба амал татбиқ гарданд.

Дар охир ба донишҷӯёни фаъол Сертификат тақдим гардид.

Ҳамин тавр, ҳадафи асосии чорабинӣ омӯзиши таҷрибаи пешқадами идоракунӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баррасии хусусиятҳои моделҳои гуногуни менеҷмент ва муайян намудани роҳҳои татбиқи усулҳои самараноки идоракунӣ дар шароити муосири иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, чорабинӣ ба баланд бардоштани ҷаҳонбинии касбии донишҷӯён, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва таҳкими донишҳои назариявию амалии онҳо дар соҳаи менеҷмент мусоидат менамояд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА