РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ
Рӯзи 15-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон семинари илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзуи «Рушди соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ: имкониятҳо, мушкилот ва дурнамо» доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода иброз дошт, ки дар солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати иқтисодии ба рушди соҳибкорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ нигаронидашударо пайгирона амалӣ намуда истодааст. Ин аст, ки 14 октябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуда, нақши соҳибкориро дар рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои нав ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ имкониятҳои бештар муҳайё мегарданд.
Инчунин, зарурати идомаи таҳқиқоти илмӣ дар самти иқтисоди рақамӣ, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир барои рушди устувори соҳибкорӣ мавриди таъкид қарор гирифт.
Сипас, д.и.и., профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳамидулло Фақиров суханронӣ намуда, зикр кард, ки соҳибкорӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити имрӯза бошад, навоварӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани усулҳои самараноки идоракунӣ барои пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ аҳаммияти хосса доранд.
Ҳамчунин, масъалаҳои рақамикунонии равандҳои истеҳсолӣ, истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва рушди тиҷорати электронӣ баррасӣ гардиданд.
Дар семинар директори ҶСП «Деккерс», соҳибкори ватанӣ Кристина Деккер дар бораи таҷрибаи фаъолияти соҳибкорӣ, масъалаҳои омодасозӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибихтисос, инчунин имкониятҳои мавҷуда барои рушди бахши хусусӣ андешаронӣ кард.
Ба гуфтаи мавсуф, муваффақияти ҳар як корхона, пеш аз ҳама, ба донишу малакаи кормандон, сифати молу маҳсулот, истифодаи технологияҳои муосир ва муносибати масъулона ба талаботи истеъмолкунандагон вобаста мебошад.
Дар қисми муҳокима мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Абдумалик Сафаров ва дотсент Суннатулло Нуриддинов доир ба таҷрибаи байналмилалӣ, имкониятҳои иқтисоди рақамӣ ва роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии соҳибкорони ватанӣ андешаҳояшонро баён карданд.
Иштирокчиён аҳаммияти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо бахши хусусиро таҳлил намуданд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng