26 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар мавзуи “Саводнокии молиявии ҷавонон дар шароити иқтисоди рақамӣ: мушкилот ва роҳҳои баланд бардоштани он” семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид.

Семинар, ки бо иштироки мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдумалик Сафаров баргузор гардид, масъалаҳои мубрами ташаккули дониш ва малакаҳои молиявии ҷавонон дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавсуф зимни баромади хеш таъкид намуд, ки дар шароити муосир саводнокии молиявӣ яке аз омилҳои муҳими ташаккули тафаккури иқтисодӣ, қабули қарорҳои дуруст ва таъмини суботи молиявии ҳар як шахс ба шумор меравад. Густариши хизматрасониҳои бонкӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳамёнҳои электронӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда бошад ҳам, ҳамзамон аз шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, донишу малакаи зарурӣ ва муносибати масъулона ба истифодаи воситаҳои рақамиро тақозо мекунад.

Дар семинар ҳамчунин, масъалаи баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон ҳамчун ҷузъи муҳими омодасозии онҳо ба зиндагии мустақилона мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорон ба зарурати омӯзиши тарзи дурусти идоракунии буҷети шахсӣ, банақшагирии даромаду хароҷот, ташаккули одати пасандозгузорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зикр шуд, ки доштани даромад худ аз худ кафолати суботи молиявӣ набуда, муҳим он аст, ки шахс тавонад маблағҳои мавҷударо дуруст тақсим карда, хароҷоти заруриро аз хароҷоти дуюмдараҷа фарқ намояд ва барои эҳтиёҷоти оянда пасандоз созад. Маҳз чунин малакаҳо ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки аз тасмимҳои саросемавор ва хароҷоти беандеша худдорӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои шахсӣ ва касбии худ заминаи устувор гузоранд.

Қисмати дигари семинар ба масъалаи истифодаи бехатари воситаҳои пардохти электронӣ ва пешгирии қаллобии рақамӣ бахшида шуд, ки дар замони муосир актуалӣ ва мавзуи мубраму саривақтӣ ба шумор меравад. Дар зимн аз моҳияту зарурати тағйироту иловаҳои чанде қабл ба Қонуни ҶТ дар бораи пардохтҳои электронӣ воридшуда ёдоварӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки рушди технологияҳои рақамӣ дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявиро осон намуда, ҷиҳати анҷом додани пардохтҳо, интиқоли маблағ ва идоракунии ҳисобҳои бонкӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Аммо истифодаи ин имкониятҳо бе дониши кофӣ метавонад боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти молиявӣ ва осебпазирӣ дар баробари қаллобони интернетӣ гардад.

Дар ин робита, зарурати риояи қоидаҳои амнияти рақамӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва рамзҳои махфии кортҳои бонкӣ, инчунин эҳтиёткорӣ ҳангоми истифодаи ҳамёнҳои электронӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Қайд карда шуд, ки ҷавонон бояд роҳҳои шинохтани паёмҳои қаллобона, пешниҳоди бардурӯғи даромади осон, истинодҳои шубҳанок ва дархостҳои ғайриқонунии маълумоти бонкиро донанд. Пеш аз анҷом додани амалиёти молиявӣ санҷидани дурустии маълумот ва эътимоднокии манбаъ, инчунин истифодаи воситаҳои ҳифзи ҳисобҳои электронӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими пешгирии хатарҳои рақамӣ мебошанд.

Иштирокдорони семинар ба масъалаи омӯзиши низомманди донишҳои молиявӣ, истифодаи усулҳои амалии таълим ва ташаккули малакаҳои зарурӣ аз синни ҷавонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки омӯзиши мафҳумҳои молиявӣ дар якҷоягӣ бо машғулиятҳои амалӣ метавонад барои беҳтар намудани қобилияти банақшагирии буҷет, қабули қарорҳои оқилона ва арзёбии хавфҳои молиявӣ мусоидат намояд.

Зикр гардид, ки рушди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ бояд бо баланд бардоштани сатҳи огоҳии истифодабарандагон ҳамқадам бошад. Зеро дастрасӣ ба воситаҳои муосири пардохт танҳо дар сурати истифодаи босаводона ва бехатари онҳо метавонад ба беҳтар шудани идоракунии маблағҳои шахсӣ ва густариши фарогирии молиявӣ мусоидат кунад.

Дар фарҷоми семинар доир ба такмили таълими саводнокии молиявӣ, истифодаи усулҳои амалии омӯзиш ва тақвияти ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо ташкилотҳои молиявӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд. Аз ҷумла, зарурати бештар истифода намудани машғулиятҳои амалӣ, таҳлили ҳолатҳои воқеии молиявӣ, омӯзиши тарзи тартиб додани буҷети шахсӣ ва баррасии намунаҳои эҳтимолии қаллобии рақамӣ таъкид карда шуд. Чунин усулҳо имкон медиҳанд, ки донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, барои ҳалли масъалаҳои воқеии молиявӣ омода гарданд.

Ҳамзамон, тақвияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ ҳамчун яке аз роҳҳои муассири такмили таълими молиявӣ баррасӣ шуд. Ҷалби мутахассисони соҳа ба машғулиятҳо, ташкили вохӯриҳои омӯзишӣ ва муаррифии имконияту хатарҳои хизматрасониҳои рақамӣ метавонад барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар қисмати ҷамъбастии семинар байни устодону донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба идоракунии маблағҳои шахсӣ, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ва роҳҳои пешгирии қаллобии рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ