Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкиливу тарбиявӣ ва бо ташаббуси факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар мавзуи «Одамрабоӣ» семинари тарбиявию сиёсӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, декани факултет София Темурбекова, сардори шурои кураторони донишгоҳ Исматулло Ҷумаев, муовинони декан, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултет София Темурбекова семинарро ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти шахсӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор мераванд. Одамрабоӣ ҷинояти вазнин буда, метавонад ба озодӣ, ҳаёт, саломатӣ ва ҳолати равонии инсон таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошад, меъёрҳои қонунгузориро риоя намояд ва дар муносибат бо атрофиён ҳушёрию эҳтиёткориро аз даст надиҳад.

Ҳамзамон, София Темурбекова ба нақши муассисаи таълимӣ, омӯзгорон, кураторҳо ва волидон дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар байни донишҷӯён арзёбӣ кард.

Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ҷанбаҳои ҳуқуқии ҷинояти одамрабоиро шарҳ дода, донишҷӯёни курси якумро бо оқибатҳои ҳуқуқии ин кирдор ва зарурати риояи меъёрҳои қонунгузорӣ шинос намуд. Дар баромади худ ӯ ба масъалаҳои пешгирии одамрабоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.

Дар идомаи семинар донишҷӯёни курси якуми факултет Дурдона Тухтаева дар мавзуи «Аломатҳои таркиби ҷинояти одамрабоӣ» ва Мену Атовулозода дар мавзуи «Рабудани занон» баромад намуданд.

Иштирокчиён оид ба хатарҳои эҳтимолии муошират бо шахсони ношинос, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бовар кардан ба пешниҳодҳои шубҳаноки кору сафар маълумот гирифтанд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд ҳангоми муошират бо шахсони ношинос эҳтиёткор бошанд, маълумоти шахсӣ ва ҳуҷҷатҳои худро ҳифз намоянд, ба ваъдаҳои шубҳанок бовар накунанд ва дар сурати эҳсоси хатар ё дучор шудан ба ҳолатҳои таҳдидкунанда фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидон ё шахсони боэътимод муроҷиат намоянд.

Савринисо ДАВЛАТОВА,

муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ