Имрӯзҳо кормандон ва устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободониву созандагӣ, ҳифзи муҳити зист ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва гулгаштҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин росто, дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда, санаи 24-уми октябри соли равон шанбегии дастҷамъона бо иштироки фаъолонаи ҳайати устодону кормандон дар атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ баргузор гардид.

Дар рафти ин иқдоми созанда бехи дарахту буттаҳо нарм карда шуда, ҷӯйборҳо аз партову хазонҳо тоза гардиданд.

Мақсад аз баргузории чунин аксияҳо, пеш аз ҳама, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи донишгоҳ, тарғиби фарҳанги экологии солим ва саҳмгузорӣ дар ободии диёр мебошад. Чунин иқдомоти ободонӣ дар ДДМИТ пайваста идома доранд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия