СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
Тибқи нақшаи чорабиниҳои факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, 30 апрели соли ҷорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози моҳвораи ҷавонон бо ташаббуси сарпарасти гурӯҳ, дотсент Субҳоналӣ Мирзоев, дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии ҷавонон» дар китобхонаи илмӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-260102 - идораи давлатӣ ва ҳуқуқ доир гардид.
Нахуст, Субҳоналӣ Мирзоев иброз намуд, ки раванди сиёсии кишвар собит месозад, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин замина, мулоқоти аввалини Роҳбари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар, ки 2 феврали соли 1993 баргузор гардид, аҳаммияти махсус дошт.
Ҳамчунин, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» нишон дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ҷавонон такя намуда, тарбия ва ба камол расонидани насли ҷавони созандаро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мешуморад.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим роҳандозӣ карда шудаанд. Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия, соҳибкасб гардидани ҷавонон ва пайдо намудани мавқеи арзанда дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Махсусан, бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 Квотаи президентӣ таъсис дода шуд, ки ин иқдоми саривақтӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони болаёқат, бахусус духтарони деҳот ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи асосии ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, махсусан наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон, инчунин, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар ҷараёни дарси тарбиявӣ устодони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия ва донишҷӯёни гурӯҳ фаъолона иштирок намуда, андешаҳои худро оид ба дастгирии давлатии ҷавонон баён карданд.
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва дар оянда маҳз ҷавонон метавонанд барои рушду пешрафти минбаъдаи кишвар саҳми арзанда гузоранд. Хусусан, дар шароити мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигаргуниҳои геополитикӣ, ташаккули тафаккури нави сиёсиву фарҳангии ҷавонон бояд ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ равона гардад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng