Дар асоси нақшаи кории кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ 23-юми сентябри соли равон бо иштироки донишҷӯёни курси якуми ихтисоси кори бонкӣ дар мавзуи «35 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳи пуршарафи давлатсозӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор» дарси сиёсиву тарбиявӣ доир гардид.

Сараввал, муаллмими кафедра Сорбон Шарбатов зимни баромад қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ин ҳама пешравию дастовардҳо маҳз ба туфайли сиёсати хирадмандонаву меҳанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Дар идомаи соати тарбиявӣ донишҷӯёни соли аввал ба китобхонаи илмии донишгоҳ аъзо шуда, аз фаъолияти китобхона аз наздик шинос шуданд. Инчунин, аз тарафи кормандони китобхонаи илмии донишгоҳ бо мақсади мутолиаи бештар ба донишҷӯён рӯзномаи “Молия ва иқтисод” тақсим карда шуд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА