СОЗИШНОМАИ НАВ - ЗАМИНАИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО
Вусъат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳимтарини ташаккули эътибор ва замонависозии равандҳои омодакунии кадрҳои баландихтисос дар ДДМИТ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, яке аз самтҳои Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки ба ҷорисозии стандартҳои нав ва ноилшавӣ ба сатҳи сифати байналмилалии таҳсилот мусоидат мекунад, ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, натиҷаҳои муҳими сафари хизматӣ ва иштироки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии таҳсилоти Осиёи Марказӣ ва тавсеаи робитаҳои байнидонишгоҳӣ буд. Дар ин доира дастоварди муҳим ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Қаршии Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳисоб меравад. Созишномаи мазкур самтҳои муҳими ҳамкориҳои ду муассисаи таҳсилоти олиро фаро гирифта, аз ҷумла рушди робитаҳои таълимӣ, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳои муштаракро пешбинӣ менамояд.
Аҳамияти ин санад дар он аст, ки он барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муназзаму мақсаднок, истифодаи имкониятҳои илмӣ ва таълимии ҳар ду донишгоҳ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак заминаи ҳуқуқию ташкилии зарурӣ фароҳам меорад. Дар доираи амалисозии чунин ҳамкориҳо имкониятҳои зерин мавриди баррасӣ ва татбиқи минбаъда қарор гирифта метавонанд:
- ташкили табодули донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон дар доираи барномаҳои муштарак;
- баргузории конференсияҳо, форумҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳои илмӣ-амалӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои иқтисодиёт, молия, бонкдорӣ, андозбандӣ, менеҷмент ва иқтисоди рақамӣ;
- табодули барномаҳои таълимӣ, маводи методӣ ва таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ;
- ҷалби олимону мутахассисони ҳар ду ҷониб ба таҳқиқоти муштарак ва нашри мақолаҳои илмӣ;
- ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон;
- омӯзиши имкониятҳои таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ.
Албатта, моҳияти созишномаи ҳамкорӣ дар марҳилаи баъдӣ, яъне татбиқи пайгиронаи муқаррароти он ва ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас бештар зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, таҳияи нақшаи муштараки чорабиниҳо, муайян намудани шахсони масъул, муҳлатҳои иҷро ва нишондиҳандаҳои арзёбии натиҷаҳо метавонад ба самаранокии ҳамкориҳои минбаъда мусоидат намояд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng