Мутобиқи нақшаи раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии донишҷӯён, инчунин, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон 28 сентябри соли равон дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии донишгоҳ бо донишҷӯдухтарони курсҳои якум суҳбату вохӯрӣ дар доираи усули «Факултет ба факултет» доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯзмарраи ҷомеа ва ҳаёти донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар мавзуъҳои «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ», «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа», «Пешгирии амалҳои коррупсионӣ», «Танзим - бақои зиндагӣ» ва «Либоси миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ» суҳбатҳои судманд доир карда шуданд.

Дар чорабинӣ сармутахассиси бахши кор бо духтарону занон Маҳбуба Ғафорова, декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ София Темурбекова ва сардори шуъбаи ҷавонон Ҷалолиддин Мирзоев иштирок намуда, вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда андешаҳои худро баён карданд.

Гуфта шуд, ки донишҷӯён ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд дар ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, риояи қонун ва арзишҳои фарҳангӣ саҳми муносиб гузоранд. Ҳамчунин, ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, зиракии шаҳрвандӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои манфии ин зуҳуроти номатлуб шарҳ дода шуда, аз донишҷӯдухтарон даъват ба амал оварда шуд, ки меъёрҳои қонунгузорӣ ва тартиботи муқарраргардидаи муассисаи таълимиро риоя намоянд.

Ҳамзамон, оид ба риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи суннату анъанаҳои неки мардуми тоҷик андешаҳои муфид ироа гардиданд. Таъкид шуд, ки либоси миллӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои фарҳангӣ ва нишондиҳандаи ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия