ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БОНКУ ДОНИШГОҲ ДАР САМТИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мулоқоти ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор бо намояндагони ҶСП «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» доир гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби Бонк роҳбари Департаменти захираҳои инсонӣ Мадина Неъматова ва ҳамоҳангсози самти масъулияти иҷтимоии корпоративии Бонк Саид Ҳофиз Дастонзод иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, густариши робитаҳои донишгоҳ бо бахши молиявию бонкии кишвар ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иброз намуд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ омода намудани мутахассисони баландихтисос, дорои донишҳои муосири назариявӣ ва малакаҳои амалии касбӣ мебошад. Дар ин замина, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ташкилотҳои молиявию бонкӣ омили муҳимми баланд бардоштани сифати таълим ва рақобатпазирии хатмкунандагон ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо атрофи ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи бонк ба раванди таълим, баргузории дарсҳои амалӣ ва маҳоратомӯзӣ, ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён дар сохторҳои бонк, инчунин роҳандозии чорабиниҳои муштараки илмӣ, таълимӣ ва касбӣ табодули афкор намуданд.
Намояндагони Бонк омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, мубодилаи таҷрибаи касбӣ, ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои рушди малакаҳои касбии ҷавонон изҳор доштанд.
Дар натиҷаи мулоқот байни ҶСП «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, рушди малакаҳои касбӣ ва мусоидат ба шуғли ҷавонон ба имзо расид.
Ҳуҷҷати мазкур заминаи ҳуқуқию ташкилии ҳамкориҳои минбаъдаи ҷонибҳоро муайян намуда, ба пайвастани донишҳои назариявии донишҷӯён бо таҷрибаи амалии бонкӣ, рушди иқтидори касбии ҷавонон ва ташаккули захираи кадрии Бонк равона гардидааст.
Меҳмонон бо шароити таълиму тарбия, синфхонаҳои таълимӣ, имкониятҳои моддию техникӣ ва инфрасохтори донишгоҳ шинос шуданд. Ба онҳо имкониятҳои муассиса дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, такмили сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳаи молияву бонкдорӣ муаррифӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди донишҳои иттилоотию технологӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng