ТАМОШОИ ОСОРХОНАҲО ДОНИШҶӮЁНРО ХУДОГОҲУ ВАТАНДӮСТ МЕГАРДОНАД
Дар асоси нақшаи кории кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ, 15 октябри соли равон як гурӯҳ донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010402 таҳти роҳбарии роҳбари гурӯҳ Сорбон Шарбатов бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ ва шиносоӣ бо мероси миллӣ аз Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ва Маҷмааи Истиқлол боздид намуданд.
Зимни боздид донишҷӯён бо таърихи таъсис ва фаъолияти Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ шинос шуданд. Ба онҳо иттилоъ дода шуд, ки осорхона соли 1978 ба муносибати 100-солагии зодрӯзи ин адиби барҷаста ифтитоҳ гардидааст. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, 14 апрели соли 2018 осорхона пас аз таъмиру тармим ва таҷдид бо иштироки меҳмонони дохилию хориҷӣ ва намояндагони аҳли илму фарҳанг дубора ифтитоҳ гардид.
Сипас, донишҷӯён аз яке аз иншооти муҳташами пойтахти кишвар - Маҷмааи Истиқлол боздид намуданд. Ин маҷмаа 8 сентябри соли 2022 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Маҷмааи Истиқлол бо тарҳи меъмории нотакрор ва намои бошукӯҳи худ аз ҷумлаи мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт ба ҳисоб меравад. Ҳадафи бунёди он арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҳкими ғояҳои истиқлолу озодӣ дар зеҳну шуури шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон, мебошад.
Дар ҷараёни боздид донишҷӯён бо осори таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ ва маълумоти марбут ба марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон шинос шуда, дониши худро дар бораи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик ғанӣ гардониданд. Роҳбаладон ба онҳо оид ба давраҳои гуногуни рушди ҷомеа, арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва ҳунари мардум маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng