ТАЪСИРИ РАҚАМИКУНОНӢ БА РУШДИ ОМОР ВА СОҲАҲОИ КАЛИДИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
22 октябри соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи «Таъсири рақамикунонӣ ба рушди омор ва соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Чорабинии мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии омор, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида шуда, дар он декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тилабов, сардори Раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода, дотсенти кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзоев Сайалӣ Сайвалиевич, сардори Раёсати омори саноат ва инноватсия дар сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Асламбекзода, мудири шуъбаи мониторинг ва сифати таълим Кӯҳзод, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор Рустам Раҳматзода, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тилабов чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти мавзуи баррасишаванда, нақши рақамикунонӣ дар рушди омори миллӣ ва зарурати истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ибрози назар кард.
Ӯ таъкид намуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ рақамикунонии равандҳои оморӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати маълумот, самаранокии таҳлил ва қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода дар мавзуи «Таъсири рақамикунонӣ ба рушди омор ва соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ» маърӯза намуда, нақши технологияҳои рақамиро дар такмили низоми оморӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр гардид, ки истифодаи васеи технологияҳои муосир ба такмили равандҳои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти оморӣ мусоидат намуда, барои қабули қарорҳои асоснок ва самараноки идоракунӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дотсенти кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзоев Сайалӣ Сайвалиевич дар мавзуи «Трансформатсияи рақамии омори миллӣ: муаммо ва мушкилот» маърӯза намуда, масъалаҳои мубрами гузариш ба низоми рақамӣ, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои такмили фаъолияти омориро баррасӣ кард.
Дар маърӯзаи ӯ ба масъалаҳои мутобиқсозии усулҳои анъанавии омор ба талаботи иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин, сардори Раёсати омори саноат ва инноватсия дар сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Асламбекзода дар мавзуи «Рақамикунонии низоми миллии омор: такмили ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ» маърӯза пешниҳод намуд.
Зимни баромад аҳаммияти ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар равандҳои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ таъкид гардида, нақши онҳо дар баланд бардоштани самаранокӣ ва эътимоднокии низоми миллии омор баррасӣ шуд.
Дар идомаи чорабинӣ мудири шуъбаи мониторинг ва сифати таълим Кӯҳзод Шодиев ва профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор Рустам Раҳматзода низ дар муҳокимаи мавзуи мизи мудаввар иштирок намуда, фикру андешаҳои худро доир ба масъалаҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Зимни муҳокима иштирокчиён масъалаҳои марбут ба рушди низоми миллии омор дар шароити рақамикунонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани эътимоднокии маълумоти оморӣ ва такмили усулҳои таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки рақамикунонии соҳаи омор барои таъмини дастрасӣ ба маълумоти дақиқу саривақтӣ, таҳлили ҳамаҷонибаи равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва қабули қарорҳои самараноки идоракунӣ аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин замина, омода намудани мутахассисони соҳибтахассус, баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии донишҷӯён ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо сохторҳои соҳавӣ аз самтҳои муҳими рушди низоми омори миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар маҷмуъ, баргузории мизи мудаввар барои табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, баррасии масъалаҳои мубрами рушди омори миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии иштирокчиён заминаи мусоид фароҳам овард.
Савринисо ДАВЛАТОВА,
муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng