ТЕРРОРИЗМ - ТАҲДИД БА ИНСОНИЯТ
Дар асоси нақшаи кории факултети молия ва қарзи донишгоҳ санаи 7-уми октябри соли равон дар толори таълимӣ бо иштироки донишҷӯён дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм — вазифаи ҳар як узви ҷомеа» дарси сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар назди донишҷӯён оид ба мавзӯъ ассистенти кафедра Сорбон Шарбатов баромад намуда, таъкид кард, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Ӯ бо таассуф қайд намуд, ки дар ин амал баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ даст дошта, барои ташкил ва зиёд шудани ин амалҳои нангин заминагузорӣ мекунанд.
Дар идома гуфта шуд, ки масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат ёфтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардуми сайёра ва амнияти давлатҳоро халалдор менамоянд.
Зикр гардид, ки экстремизм ва терроризм барои ҳар як ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд. Барои мубориза бо ин хатарҳо танҳо қувваи давлат кофӣ нест, ҳар як шахс, махсусан ҷавонон, бояд масъулиятшинос бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба доми таблиғоти ифротиён наафтанд.
Нотиқ афзуд, ки ҷиҳати муборизаи муассир бо ин зуҳуроти хатарнок зарур аст, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа: аз оила то мактаб, аз ниҳодҳои давлатӣ то ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷоя амал кунанд. Танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва рушди маънавиёт метавонем ҷомеаи амну мутамаддин бунёд кунем.
Таъкид карда шуд, ки боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон-донишҷӯён яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ба шумор меравад.
Баргузории чунин дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дарки масъулиятшиносии ҳар як донишҷӯ замина муҳайё менамояд ва эшон онро дарк ва иҷро менамоянд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng