Дар асоси татбиқи консепсияҳо, стратегияҳо ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, инчунин, дар доираи амалисозии ташаббуси муҳими давлатӣ оид ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо қарори Шурои олимони факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ байни донишҷӯён викторинаи илмӣ-маърифатӣ доир гардид.

Викторина ҳамчун яке аз чорабиниҳои муҳими илмӣ ва маърифатии факултет ба роҳ монда шуда, аз панҷ давр иборат буд. Дар он се кафедраи тахассусии факултет бо дастаҳои худ - «Моделсозони ҷавон», «Навоварони ҷавон» ва «Барномасозони ҷавон» фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти даврҳои озмун иштирокчиён донишу малакаи худро аз фанҳои тахассусӣ, технологияҳои рақамӣ, инноватсия, моделсозӣ, барномасозӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ ба намоиш гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки дар панҷ даври баргузоргардида дастаи «Моделсозони ҷавон» се маротиба ғолибият ба даст оварда, маҳорати баланди таҳлилӣ, омодагии касбӣ ва сатҳи хуби донишҳои назариявию амалии худро нишон дод.

Санаи 14 майи соли 2026 даври ниҳоии викторина дар фазои тантанавӣ ва рақобати солими илмӣ баргузор гардид. Нахуст, декани факултет София Темурбекова баён дошт, ки рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир вазифаи муҳими муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад. Мавсуф қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар ташаккули тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва рушди қобилияти эҷодиву таҳлилӣ миёни донишҷӯён нақши муассир мегузорад.

Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода суханронӣ намуда, иқдоми факултетро ҳамчун ташаббуси муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки чунин озмунҳо барои дарёфт ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд, рушди иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар шароити ташаккули иқтисоди рақамӣ ва гузариш ба технологияҳои муосир, баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисони ҷавон яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад.

Дар даври финалӣ ҳар се даста бо омодагии ҷиддӣ, ҷаҳонбинии васеи илмӣ ва маҳорати баланди касбӣ иштирок намуда, сатҳи хуби донишу малакаи худро нишон доданд. Натиҷаҳои бадастомада нишон дод, ки байни иштирокчиён рақобати воқеан солим ва фазои созандаи илмӣ ташаккул ёфтааст. Холҳои бадастовардаи дастаҳо ба ҳам наздик буда, ин аз омодагии баланди ҳамаи иштирокчиён шаҳодат медиҳад.

Ҳадаф аз ташкили чунин викторина, пеш аз ҳама, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва техникӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён, рушди тафаккури рақамӣ ва инноватсионӣ, омода намудани ҷавонони соҳибмаърифат ва рақобатпазир, инчунин, ҷалби бештари донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодкорӣ мебошад. Дар баробари ин, баргузории чунин чорабиниҳо ба ташаккули малакаҳои таҳлилӣ, кор бо технологияҳои муосир, рушди қобилияти кор дар гурӯҳ, такмили маҳорати муоширати касбӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамии муосир мусоидат менамояд.

Ин гуна иқдомҳо ҳамчун заминаи муҳим барои рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон, тавсеаи фаъолияти инноватсионӣ ва таҳкими робитаи илм бо амалия арзёбӣ гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия