ВОХӮРӢ БАҲРИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ
21 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ҷалолиддин Мирзоев, сармутахассиси шуъба Ҷамшедҷон Нурзода ва мутахассиси бахши кор бо занону донишҷӯдухтарон Маҳбуба Ғафорова бо сардорони факултетҳо доир гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба фаъолияти сардорони созмонҳои ҷавонони факултетҳо, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар самти корҳои тарбиявӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ҷалолиддин Мирзоев дар баромади худ таъкид намуд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти факултетҳо бояд фаъолияти худро дар самти кор бо ҷавонон тақвият бахшида, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, риояи одобу ахлоқи донишҷӯӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯён саҳми назаррас гузоранд.
Ҳамзамон, сармутахассиси шуъба Ҷамшедҷон Нурзода ва мутахассиси бахши кор бо занону донишҷӯдухтарон Маҳбуба Ғафорова доир ба вазифаҳои хизматӣ, тартиби ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, назорати иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва чорабиниҳои донишгоҳӣ, риояи интизоми донишҷӯӣ, ҳамкорӣ бо кураторони гурӯҳҳои академӣ ва сари вақт пешниҳод намудани маълумоту ҳисоботҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ зарурати тақвияти ҳамкории шашгонаи факултетҳо бо шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш, масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои ба зимма гузошташуда ва баланд бардоштани самаранокии корҳои тарбиявӣ таъкид гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng