12-уми октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистикаи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотии ДДМИТ дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодасозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳалаи дуюм (солҳои 2026-2030) вохӯрии омӯзишӣ дар мавзуи «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ» доир гардид.

Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни факултет, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Субҳоналӣ Мирзоев ва ассистенти кафедраи мазкур Хусрав Абдуразоқов иштирок намуда, оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, оқибатҳои манфии он ва масъулияти шаҳрвандон дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб суханронӣ карданд.

Дар оғози вохӯрӣ декани факултет София Темурбекова иброз дошт, ки коррупсия ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ расонида, ба арзишҳои ахлоқӣ ва тарбияи насли ҷавон зарари ҷиддӣ мерасонад. Коррупсия боиси нобаробарии имкониятҳо гардида, барои ҷавонон дар роҳи расидан ба ҳадафҳо ва нишон додани қобилияту истеъдоди худ монеа эҷод мекунад. Аз ин рӯ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи адолат ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ яке аз омилҳои муҳими пешгирии ин падида мебошад.

Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Субҳоналӣ Мирзоев доир ба заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714 ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки барои тақвияти мубориза бар зидди коррупсия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.

Ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Хусрав Абдуразоқов дар идомаи вохӯрӣ коррупсияро амали хатарноки ахлоқӣ арзёбӣ намуд. Зуҳуроти коррупсионӣ ба ҷаҳонбинӣ, тарбия ва ташаккули шахсияти ҷавонон таъсири манфӣ расонида, эътимоди онҳоро ба адолат ва баробарӣ коҳиш медиҳад. Пешгирии коррупсия бояд аз оила ва муассисаҳои таълимӣ оғоз гардида, дар ҷомеа фарҳанги риояи қонун, поквиҷдонӣ ва муносибати одилона ташаккул дода шавад.

Ҳамчунин, мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистикаи факултети мазкур Умар Воҳидов доир ба муқаррароти кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба амалҳои коррупсионӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ дахл доранд, маълумот дода, аҳаммияти риояи талаботи қонунгузорӣ ва огоҳӣ аз оқибатҳои ҳуқуқии чунин амалҳоро шарҳ дод.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА