ВОХӮРИИ СУДМАНД БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТ ВА МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарбиявии ДДМИТ ва ҷиҳати татбиқи супоришҳои ректори донишгоҳ, ки дар ҷаласаи ғайринавбатӣ баён гардида буданд, 5 майи соли равон бо ташаббуси муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ Диловаршо Муродов ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа кормандони хоҷагию маъмурии донишгоҳ иштирок намуда, ҳамчунин, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ суханронӣ кард.
Нахуст, Диловаршо Муродов доир ба масъалаҳои муҳими нигоҳдории муҳити тозаву озодаи донишгоҳ, ободу сабз гардонидани гирду атрофи биноҳои таълимӣ, иштироки фаъолона дар шанбегиҳо ва риояи интизоми меҳнат суханронӣ намуд.
Тозагиву озодагӣ ва муҳити зебои донишгоҳ яке аз омилҳои муҳими ташаккули фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулиятшиносии кормандон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, кормандон барои истифодаи либосҳои махсуси корӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ даъват гардиданд.
Дар идома Саидалӣ Ҳаитов вобаста ба нақши «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» суханронӣ намуда, қайд кард, ки муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Мавсуф иброз дошт, ки коррупсия, махсусан дар соҳаи маориф метавонад ба сатҳи эътимоди ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин амал бояд бо иштироки фаъолонаи тамоми қишрҳои ҷомеа, истифодаи усулҳои муосири фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки татбиқи амалии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ва қонунгузории марбут ба он барои таъмини шаффофият, волоияти қонун ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои шаҳрвандон заминаи муҳим мегузорад.
Қайд карда шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои стратегияи мазкур мунтазам миёни кормандон суҳбату вохӯриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ баргузор мегарданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани интизоми меҳнат, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ миёни кормандон аҳамияти муҳим дорад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng