ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲ
12 октябри соли 2026 бо ташаббуси садорати факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо донишҷӯёни хобгоҳи рақами 1 вохӯрии судманд баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани масъулиятшиносии донишҷӯён, риояи интизому тартиботи дохилидонишгоҳӣ ва қоидаҳои хобгоҳ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва тақвияти корҳои тарбиявӣ буд.
Абдулло Камолзода, эдвайзер оид ба тарбия зимни суханронӣ ба масъалаҳои риояи тозагӣ, ҳифзи молу мулки хобгоҳ, риояи талаботи бехатарӣ, одоби муошират ва пешгирии терроризму экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ҳамзамон, ӯ оид ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, эҳтиром ба қонунгузорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ андешаҳои муфид баён кард.
Давлатҷон Ҳукматов, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ дар баромади худ масъалаҳои риояи интизоми таълимӣ, сари вақт ба дарс ҳозир шудан, омодагии мунтазам ба машғулиятҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати донишро мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ донишҷӯёнро ба эҳтироми омӯзгорон, кормандони хобгоҳ ва ҳамсабақон, инчунин ҳалли масъалаҳо бо роҳи осоишта ва риояи меъёрҳои муоширати фарҳангӣ даъват намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъулон аз ҳуҷраҳои истиқоматии донишҷӯён боздид намуда, бо шароити зист, вазъи тозагӣ ва риояи қоидаҳои дохилии хобгоҳ шинос шуданд. Ба донишҷӯён вобаста ба беҳтар намудани шароити зист, нигоҳдории тозагӣ, риояи интизом ва муносибати масъулиятнок ба таҳсил тавсияҳои зарурӣ дода шуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, риояи тартибот ва фароҳам овардани муҳити солиму бехатар барои таҳсилу зиндагӣ нақши муҳим дорад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА НАШРИЯ
Тоҷ
Рус
Eng