Мавлоназарова Шаҳру Раматшоевна 19 июли соли 1994 таваллуд шудааст.
Маълумоти миёнаро соли 2011 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 хатм намудааст.

Пас аз хатми мактаби миёна, соли 2011 ба курси забони ангилисии маълумоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дохил шуда, онро бо муваффақият ба анҷом расонидааст. Ҳамон сол таҳсилашро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома дода, ба факултети туризм ва хадамоти гумрук қабул гардидааст.

Соли 2015 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро бо ихтисоси «Сайёҳӣ ва меҳмондорӣ» бомуваффақият хатм намудааст.