Маълумоти шахсӣ:

Ҳасанзода Яъқуб, соли таваллудаш 1991, миллаташ тоҷик, оиладор буда, соҳиби се фарзанд мебошад.

Маълумот:

Соли 2009 Ҳасанзода Яъқуб ба ихтисоси «Муҳандис-барномасоз-иқтисодчӣ (технология дар низоми иқтисодиёт)»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, соли 2013 донишгоҳи мазкурро бо муваффақият хатм намудааст. Дар солҳои 2013–2015 таҳсилро дар зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи ҳамон ихтисос идома дода, онро бо натиҷаҳои баланд ба итмом расонидааст. Соли 2016 ҳуҷҷатҳояшро ба зинаи аспирантура ва докторантура-и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон супорида, таҳсилро соли 2019 бомуваффақият ба анҷом расонидааст. Санаи 16 апрели соли 2021 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D.050900 – Молия дар мавзӯи «Масъалаҳои танзими давлатии иқтисодиёт тавассути низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 (ДДМИТ) рисолаи илмиро бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 2013 оғоз намуда, дар вазифаҳои зерин кору фаъолият намудааст:

  • солҳои 2013–2014 — оператор-ҳуҷҷатнигори кафедраи информатикаи ДДМИТ;
  • солҳои 2014–2015 — ассистенти кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ;
  • солҳои 2015–2016 — мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълимии ДДМИТ;
  • солҳои 2016–2020 — мутахассиси бақайдгирии Маркази тестии ДДМИТ;
  • аз соли 2020 то 30 ноябри 2025 — ассистенти кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ;
  • аз 1 декабри соли 2025 то ҳол — доктори фалсафа (PhD), дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ: Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ва иҷтимоӣ ба корҳои илмӣ машғул буда, муаллифи зиёда аз 35 корҳои илмӣ, аз ҷумла мақолаҳои илмӣ, монография ва васоити таълимию методӣ мебошад.

Васоити таълимӣ:

  • Ҳасанзода Я. Амнияти иттилоотӣ: воситаи таълимӣ. — Душанбе: ҶДММ «Нашри Камол», 2023. — 215 саҳ.
  • Ҳасанзода Я. Технологияҳои иттилоотии муосир: воситаи таълимӣ барои магистрон. — Душанбе: ҶДММ «Нашри Камол», 2022. — 212 саҳ.
  • Ҳасанзода Я., Раҳимов Ф.С., Ғафуров Ф.Ҷ. Коркарди компютерии маълумоти андоз: воситаи таълимӣ. — Душанбе: ҶДММ «Нашри Камол», 2025.

Монография:

  • Ҳасанзода Я. Танзими давлатии иқтисодиёт тавассути низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон: монография. — Душанбе: «ИРФОН», 2021. — 155 саҳ.
    ISBN: 65.5+65.9(2 тадж)+65.9(2)26+65.9(2)2613
    УДК: 336.7 (575.3)

Нашрияҳои илмии тақризшаванда:

  • Ҳасанзода Я., Воҳидов У.М. Арзёбии муносибатҳои андозбандӣ дар сатҳҳои гуногун // Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. — 2025. — №1/3 (137). — С. 571–574.
  • Ҳасанзода Я., Хушмухаммадзода З. Влияние инвестиционных факторов в развитии промышленной системы Республики Таджикистан // Паёми молия ва иқтисод. — 2024. — №1/1.
  • Ҳасанзода Я., Файзиддинзода М.Ф. Асосҳои институтсионалии танзими андозии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон // Паёми молия ва иқтисод. — 2023. — №2/36. — С. 221–232.
  • Ҳасанзода Я., Ашуров М.Н., Ғафуров Ф.Ҷ. Самаранокии иҷтимоӣ-иқтисодии ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. — 2021. — №4/1 (38). — С. 195–202.
  • Ҳасанзода Я., Иброҳимзода И.Р. Асосҳои методологии танзими низоми андоз // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. — 2020. — №2. — С. 120–124.
  • Ҳасанзода Я. Роҳҳои такмили танзими низоми андоз (дар асоси таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ) // Паёми молия ва иқтисод. — 2020. — №2 (22). — С. 138–144.
  • Ҳасанзода Я., Иброҳимзода И.Р. Ташаккул ва рушди босуръати танзими низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир // Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. — 2019. — №3–4 (3–4). — С. 122–128.
  • Ҳасанзода Я. Вазъи муосир ва таҳкими фаъолияти соҳибкории занон дар минтақаҳои соҳаи саноати камтараққиёфтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. — 2019. — №6. — С. 151–157.
  • Ҳасанзода Я. Асосҳои назариявию методологии танзими низоми андоз // Гузоришҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. — 2019. — №4 (008). — С. 136–141.
  • Ҳасанзода Я. Самтҳои муҳими танзими низоми андоз ва рушди бахши реалии иқтисод // Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. — 2019. — №3–4 (3–4). — С. 112–118.
  • Ҳасанзода Я., Хушмухаммадзода З. Анализ тенденций развития рынка труда в Республике Таджикистан // Паёми Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон. — 2017. — №4 (60). — С. 172–181.