Соҳибов Фирдавс Ҳасанович, соли таваллудаш 1982, миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад. Соли 1999 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултети физикаю техникӣ аз рӯйи ихтисоси 1-4002-01 – Мошинҳои ҳисоббарор, низомҳо ва шабакаҳо дохил шуда, соли 2004 онро бо гирифтани тахассуси систематехник хатм намудааст. Номбурда баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро аз соли 2004 дар мактаби миёнаи №11-и ноҳияи Ашт оғоз намуда, соли 2006 дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ ба кор қабул гардидааст.

Фаъолияти касбӣ:

  • аз соли 2006 то 2008 ассистенти кафедраи информатикаи амалии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ҳозира ДДМИТ);
  • аз соли 2008 то 2009 сардори Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;
  • инчунин аз соли 2009 то 2020 муаллими калони кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
  • аз соли 2015 то 2016 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
  • аз 30.10.2020 то 26.02.2024 н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
  • аз 26.02.2024 то 26.08.2024 сардори маркази тестӣ ва бақайдгирии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
  • аз 26.08.2024 то инҷониб мудири кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии ДДМИТ.

Номбурда рӯзи 20 декабри соли 2019 дар Шӯрои диссертатсионии D6.КОА-021 назди Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти иқтисодии гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо муваффақият ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Инчунин бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2020, шаҳодатномаи унвони илмии дотсент дода шудааст.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ қайд бояд намуд, ки зиёда аз 80 корҳои таълимӣ методӣ ва илмӣ таҳқиқотӣ, аз ҷумла; 2- китоби дарсӣ, 2 васоити таълимӣ, 1 дастури методӣ, 1 монография ва 74 мақолаҳои илмиро ба нашр расонидааст.

Китоби дарсӣ:

  • Соҳибов Ф.Ҳ. Системаҳои ҳисоббарор, шабакаҳо ва телекоммуникатсия. Китоби дарсӣ / Ф.Ҳ. Соҳибов, К.М. Зарипов, Ф.С. Мусофирова. – Душанбе, 2025;
  • Соҳибов Ф.Ҳ. Система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт. Китоби дарсӣ / Ф.С. Раҳимов, Ф.Ҳ. Соҳибов, М.Н. Ашуров, П.У. Бобомуродов. – Душанбе: ҶДММ Бебок, 2023. – 240 саҳ. – ISBN 978-99985-55-87-7. – EDN QDPASK.;
  • Соҳибов Ф.Ҳ. Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт / Китоби дарсӣ // У.М. Воҳидов, Ф.Ҳ. Соҳибов, А.Н. Нурализода. – Душанбе: «Маориф», 2020;

Васоити таълимӣ:

- Соҳибов Ф.Ҳ. Информатика. Воситаи таълимӣ – методӣ. / Ф. Мирзоахмедов, У.М. Воҳидов, Ф.Ҳ. Соҳибов. - Душанбе, ҶДММ “Ирфон” 2011;

- Соҳибов Ф.Ҳ. Веб дизайн. Воситаи таълимӣ - методӣ / Ф.Ҳ. Соҳибов, П.Ҷ. Ғафуров, У.М. Воҳидов. – Душанбе, 2012$

- Соҳибов Ф.Ҳ. Маҷмӯи корҳои лабораторӣ аз фанни Коркард ва истифодабарии маҷмӯи барномаҳо тавассути Веб технологияҳо. Дастури таълимӣ-методӣ / Ф.Ҳ. Соҳибов, П.Ҷ. Ғафуров. – Душанбе, 2019;

- Соҳибов Ф.Ҳ. Коркард ва истифодабарии маҷмўи барномаҳо тавассути WEB технология. Воситаи таълимӣ - методӣ / Ф.Ҳ. Соҳибов. – Душанбе, 2022.

- Соҳибов Ф.Ҳ. Системаҳои ҳисоббарор, шабакаҳо ва телекоммуникатсия. Воситаи таълимӣ - методӣ / Ф.Ҳ. Соҳибов, Ф.С. Мусофирова. – Душанбе, 2021.

Монография:

- Соҳибов Ф.Ҳ. Муаммоҳои таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо (дар заминаи таъмин намудани амнияти иқтисодии объектҳои гидроэнергетикӣ) / Монография // Ф.Ҳ. Соҳибов. – Душанбе: матбааи “Баҳманруд”, 2020.

Нашрияҳои илмии тақризшаванда:

- Соҳибов Ф.Ҳ. Мукаммалгардонии фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук / Х.М. Турсунов, Ф.Ҳ. Соҳибов // Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. – 2025. – № 2(57). – EDN JWDSZI;

- Соҳибов Ф.Ҳ. Танзими ғайритарифии савдои хориҷӣ ҳамчун омили таъмини рушди воридотивазкунӣ / Р.А. Каримов, Ф.Ҳ. Соҳибов // Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. – 2023. – № 1(45). – С. 305-310. – EDN AZUGGA;

- Соҳибов Ф.Ҳ. Нақши равандҳои таъминоти иттилоотӣ дар низоми гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонӣ / Р. Раҳматзода, Ф.Ҳ. Соҳибов // Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. – 2023. – № 2-1(46). – С. 7-10. – EDN MVLGTL;

- Соҳибов Ф.Ҳ. Таъминоти иттилоотӣ ҳамчун омили заминавии қабули қарорҳои идоракунӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ / Ф.Ҳ. Соҳибов, У.О. Халилова // Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. – 2022. – № 2(41). – С. 215-219. – EDN EEBGIG;

- Соҳибов Ф.Ҳ. Механизми танзими давлатии бозори нерӯи барқ / Ф.Ҳ. Соҳибов, Ш.Б. Соҳибова, Н.Ҳ. Хоҷаев // Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. – 2022. – №4-1(51). – С. 201-206. – EDN RFLVYT;

- Соҳибов Ф.Ҳ. Мафҳум, моҳият ва гуруҳбандии намудҳои хизматрасониҳои гумрукӣ / Р. Раҳматзода, Ф.Ҳ. Соҳибов // Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. – 2022. – № 1-4-2(104). – С. 216-219. – EDN EZNXFU;

- Соҳибов Ф.Ҳ. Аҳамияти технологияҳои иттилоотии муосир дар идоракунии низоми молиявии корхона / Ф.Ҳ. Соҳибов, М.М. Набиев, Д. Сафармамадов // Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. – 2019. – № 2(37). – С. 74-78. – EDN KNSBCG;

- Сохибов, Ф.Х. Важность автоматизация процесса обработки документов в высших и средне-специализированных образовательных учреждениях Республики Таджикистан / Ф.Х. Сохибов, С.Х. Гафуров // Финансово-экономический вестник. – 2019. – № 2(18). – С. 91-95. – EDN IZYHRE.;

- Сохибов, Ф.Х. Вклад гидроэнергетики в развитие экономики Республики Таджикистан / Ф.Х. Сохибов, З. Хушмухаммадзода // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – 2018. – № 6. – С. 152-155. – EDN YMJVWH;

- Сохибов, Ф.Х. Энергетическая безопасность как фактор обеспечения экономической стабильности / Ф.Х. Сохибов // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – 2018. – № 7. – С. 54-57. – EDN YSQWMX.;

- Сохибов, Ф.Х. Методы прогнозирования экспорта и импорта товаров на примере республики Таджикистан / З. Хушмухаммадзода, А.И. Сафаров, Ф.Х. Сохибов, Ф.Д. Гафуров // Таджикистан и современный мир. – 2016. – № 4(54). – С. 235-252. – EDN YNXMSD.;

- Сохибов, Ф.Х. Энергетическая система Республики Таджикистан как естественная монополия / Ф.Х. Сохибов, А.Д. Хайдаров // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – 2015. – № 2/9(190). – С. 123-128. – EDN VBGQOL;

- Сохибов, Ф.Х. Методологические вопросы оценки энергетической системы и показателей ее эффективности / Ф.Х. Сохибов, А.Д. Хайдаров, С.С. Мирзоев // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – 2015. – № 2/9(190). – С. 238-242. – EDN VBGQXH;

- Сохибов, Ф.Х. Теоретико-методологические основы развития электроэнергетического комплекса / Ф.Х. Сохибов // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – 2013. – № 2/4(114). – С. 251-256. – EDN VNVONR.