Ҳабибов Сиёвуш Изатуллоевич 3 декабри соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи соҳибкор  таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. 

Солҳои  2001-2009 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва солҳои 2009-2012 дар  мактаб- интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи  Восеъ  таҳсил кардааст. 

Соли 2012 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналхалқӣ тариқи Квотаи Президентӣ  дохил шуда, соли 2017 факултаи мазкурро бо ихтисоси  таърих ва ҳуқуқ, маълумоти олӣ  хатм намудааст.

Соли 2017 дар бахши таҳсили магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 онро бо ихтисоси  ҳуқуқшинос ба анҷом расонидааст. 

Соли 2019 дар бахши докторантура (phd)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дохил шуда, соли 2022 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст

Фаъолияти меҳнатии ӯ аз моҳи сентябри соли 2016 ба ҳайси муаллими фанни ҳуқуқи мактаб-интернати љумҳуриявии кўдакони ятими шаҳри Кўлоб оғоз гардида, то моҳи июни соли 2017 идома меёбад.

Аз  сентябри  соли 2017 то июни соли 2018 ба ҳайси муаллими фанни ҳуқуқи мактаби миёнаи умумии №78-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор намудааст.

Аз сентябри  соли 2018 то сентябри соли  2024 ба ҳайси ассистенти  кафедраи фанҳои гуманитарии  Донишгоҳи давлатии  молия ва иқтисоди Тољикистон фаъолият намудааст.

               Аз  сентябри соли 2024 то  моҳи майи соли 2025  ба ҳайси  сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  фаъолият  намудааст.

                Аз моҳи майи соли 2025 то ҳол ба ҳайси сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ фаъолият карда истодааст.

                Солҳои 2023  курси такмили ихтисосро дар Донишкадаи такмили ихтисоси  омӯзгорони  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз рӯи ихтисоси таърих  гузаштааст.

                Аз соли 2013 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, омода намудани мутахассисони ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандўстию ифтихори миллӣ ба ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон,  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,   сарфароз гардонида шудааст.