Мақолаҳо

КОРРУПСИЯ – САДДИ РУШДИ ҶОМЕА
Коррупсия яке аз падидаҳои номатлуб ва хатарнокест, ки дар ҳамаи зинаҳои ҷомеа - аз сатҳи шахсӣ то сатҳи байналмилалӣ реша давонда, ба рушди устувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ монеа эҷод мекунад. Он ба маънои истифодаи ғайриқонунии мансаб ва ваколатҳои хизматӣ барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ё хешутаборӣ мебошад. Мутаассифона, ин падида имрӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла, давлатҳои пасошуравӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ васеъ паҳн гардидааст.
Қобили зикр аст, ки коррупсия танҳо як мушкилии сиёсӣ набуда, балки омили таъсиррасон ба тамоми сохторҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва иқтисодии ҷомеа ба шумор меравад. Аслан, ин падидаро наметавон нодида гирифт, зеро ин амалҳо барои тамоми кишварҳои олам хатарзо буда, оқибатҳои ногуворро ба бор меорад.Аз ин рў, мубориза бар зидди чунин амалҳои аз доираи ахлоқи инсонӣ берун вазифаи ҳар як шаҳрванди ин ё он кишвар аст.
Тазаккур бояд дод, ки амалҳои коррупсионӣ дар тамоми давру замонҳо миёни мардум ҷой доштанд ва имрўзҳо он дараҷаи баландро касб кардаанд. Коррупсия яке аз масъалаҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука оварда, дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд монеа эҷод мекунад.
Сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки истилоҳи “коррупсия” ҳанўз дар ҳазораи сеюми пеш аз милод дар Чин, Ҳиндустон ва Мисри қадим дар рўи гилтахтаву сангҳо навишта шуда, дар аввалин адабиёти ҳуқуқӣ ва динии Юнон, Миср, Ҳинд, Чини қадим ва дигар тамаддунҳои қадимтарини дунё дида мешуд. Коррупсия ва ҷиноятҳое, ки дар умум, дорои хислати коррупсионӣ ҳастанд, дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир на танҳо асосҳои давлатдориро заиф менамоянд, балки барои рушди умумимиллӣ монеа эҷод мекунанд. Он болоравии иқтисодиётро боздошта, ба некуаҳволии мардум таъсири манфӣ мерасонад, ки ин дар навбати худ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро низ халадор месозад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ муборизаи ҳамагониро алайҳи амалҳои коррупсионӣ таъкид намуда, решакан кардани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди баору номус меҳисобанд. Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 Президенти кишвар чунин таъкид доштанд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷўӣ карда шавад”.
Коррупсия шаклҳои гуногун дошта метавонад: порагирӣ, порасупорӣ, шиносбозӣ, хариду фурӯши вазифаҳо, истифодаи мансаб барои манфиатҳои шахсӣ, сарфу харҷи ғайриқонунии буҷаи давлатӣ ва ғайра. Амалҳои коррупсионӣ метавонад дар сатҳи паст (миёни кормандони миёна ва поён) ё дар сатҳи баланд (дар байни мансабдорони воломақом) сурат гирад.
Маъмулан, амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеаҳое ҷой доранд, ки дар онҳо шохаҳои ҳокимият ба таври мустақил амал намекунанд, қонунҳо татбиқи яксон надоранд ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ниҳоят паст аст.
Яке аз хатарноктарин паҳлуҳои коррупсия таъсири он ба иқтисоди миллӣ мебошад. Ҳангоме ки мансабдорон манфиатҳои шахсиро аз манфиати умумӣ болотар мегузоранд, маблағҳои буҷаи давлатӣ бо роҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ масраф мешаванд. Барои мисол, вақте ки сармоягузори хориҷӣ ба кишвари дорои сатҳи баланди коррупсия ворид мегардад, ӯ бо хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад, аз қабили талаб намудани пора барои иҷозатномаҳо, таъхири сунъии санадгузорӣ, набудани кафолати амнияти сармоя ва ғайраҳо. Албатта, ҳолатҳои мазкур боиси аз фаъолият даст кашидани сармоягузор ва коста шудани рушди иқтисодии кишвар мегардад. Инчунин, дар натиҷаи интихоби кадрҳои нолоиқ ба вазифаҳо танҳо ба хотири шиносбозӣ ё порасупорӣ фаъолияти муассисаҳо самараи зарурӣ нахоҳад дод. Дар натиҷаи тамоми ин амалҳои номатлуб рушди иқтисодии давлат заиф гардида, зиндагии аҳолӣ бошад, дар сатҳи паст қарор мегирад.
Коррупсия ба сохтори иҷтимоӣ ва тартиботи ҷомеа низ зарбаи ҷиддӣ мезанад. Дар ҷомеае, ки порагирӣ ва мансабфурӯшӣ роиҷ аст, мардум аз ҳуқуқу озодиҳои худ маҳрум мегарданд, зеро имкониятҳо баробар тақсим намешаванд. Мардум ҳис мекунанд, ки на қобилияту дониш, балки робита ва маблағ заминаи муваффақият аст. Ин боиси ноумедӣ, беэътимодӣ ба давлат ва заъфи ҳисси шаҳрвандӣ мегардад.
Аз ҷиҳати маънавӣ, коррупсия боиси суст шудани арзишҳои ахлоқӣ ва фаромӯшии виҷдону масъулият мешавад. Ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, метавонанд чунин фарҳанги манфиро ҳамчун роҳи “одӣ”-и зиндагӣ қабул кунанд, ки ин барои ояндаи ҷомеа хатарнок аст. Дар сатҳи сиёсӣ амалҳои коррупсионӣ боиси заиф шудани давлатдорӣ мегардад. Ҳукумате, ки дар он коррупсия реша давондааст, наметавонад сиёсати муассирро татбиқ намояд, зеро таваҷҷуҳи роҳбарон бештар ба манфиатҳои шахсӣ равона мешавад. Қонуншиканӣ ва беҷазоӣ вусъат пайдо намуда, боварии мардум ба ҳокимият коста мегардад, ки ин ба норизоӣ ва эътироз рӯ овардани онҳо мегардад.
Мубориза бо коррупсия кори осон нест, вале бо роҳҳои мушаххас ва ҳамаҷониба он имконпазир мегардад. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки қонунгузорӣ тақвият ёфта, барои амали ҳар гуна фасод ҷазои қатъӣ пешбинӣ шавад. Илова бар ин, воситаҳои назорати дохилӣ дар муассисаҳо бояд пурзӯр гарданд. Шаффофияти фаъолиятҳои давлатӣ, рақамисозии хизматрасониҳо, дастрасии оммавӣ ба маълумоти молиявии давлат ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорат, аз ҷумлаи усулҳои муассири мубориза мебошанд. Дар ин раванд омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум, бахусус ҷавонон, нақши калидӣ дорад. Агар шахс аз ҳуқуқҳои худ огоҳ буда, ахлоқи солим дошта бошад, ба амалҳои коррупсионӣ роҳ намедиҳад ва баръакс, ба он муқобилати фаъол нишон медиҳад.
Хулоса, коррупсия падидаи номатлубест, ки он боиси заиф шудани пояҳои асосии ҷомеа мегардад. Он на танҳо иқтисодиётро хароб месозад, балки ба фарҳанг, ахлоқ ва маънавиёти мардум низ латма мезанад. Мубориза бо коррупсия барои сохтани як ҷомеаи одил, солим ва пешрафта бояд қарз ва вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ бошад. Танҳо тавассути иттиҳоди давлат ва ҷомеа, тарбияи маънавии насли нав ва таъмини адолати ҳуқуқӣ метавонем решаҳои ин падидаи манфиро аз байн барем ва роҳи рушду шукуфоии миллатро ҳамвор созем. Мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб, на танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионист, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин хотир, ҳар як шаҳрванди солимфикрро зарур аст, ки доир ба пешгирии ин амалҳои номатлуб ва фароҳам овардани фазои оштинопазир баҳри амалишавии чунин ҳолатҳои фоҷиаангез чораҳои зарурӣ андешад.
Матлабшоҳ Ҳакимзода, муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ