Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Маркази ТИК


Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ


Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (МТИК) сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, бо мақсади назорат, ташхис ва таъмири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии дар донишгоҳ буда, инчунин назорат ва идоракунии шабакаи дохилӣ ва интернети донишгоҳ фаъолият менамояд. 


Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ фаъолияти худро дар асоси Низомнома, нақшаи кории марказ ва нақшаҳои солонаи кормандон ба роҳ мемонад. 


Пас аз тағйир ёфтани мақоми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва инчунин иваз шудани сохтори он, Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотии дар сохтори собиқ донишкада вуҷуддошта ба Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ табдил дода шуд. 


Сохтори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аз воҳидҳои кории зерин иборат аст: 
‒ сардори марказ; 
‒ сармутахассис-маъмури шабака ва интернет; 
‒ мутахассиси назорат ва ташхиси компютерҳо; ‒ муҳандис-барномасоз; 
‒ муҳандис-таъмиргари техникӣ; 
‒ операторони синфхонаҳои компютерӣ. 


Вазифаҳои асосии МТИК аз бандҳои зерин иборатанд: 
‒ таъмини эътимодияти истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар донишгоҳ;
‒ назорати мақсаднок ва самаранок истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар донишгоҳ; 
‒ ташхис, таъмир ва дар ҳолати зарурӣ хулосабарорӣ намудан оид ба вазъи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии донишгоҳ; 
‒ таъмини техникии зерсохторҳои донишгоҳ барои пайвасти устувор ба шабакаи дохилӣ ва интернет; 
‒ назорати истифодабарии мақсаднок ва самараноки шабакаи интернет дар донишгоҳ; 
‒ байқайдгирии тамоми технологияҳои компютерии харидоришуда, ояндабинии зарурати харидории таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва пешниҳод намудани онҳо ба раёсати донишгоҳ; 
‒ дар мувофиқа бо бахши таъминотии донишгоҳ пешниҳод намудани қисмҳои эҳтиётии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таҷҳизоти ба онҳо алоқаманд барои харидорӣ; 
‒ такмили гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар донишгоҳ, лоиҳакашӣ ва ҷорикунии воситаҳои техникӣ ва барномавии ҷараёни коркарди иттилоот дар асоси системаҳои автоматикардашудаи донишгоҳ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ; 
‒ ташкили машғулиятҳои дарсӣ, семинарҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ, курсҳои омӯзишии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим, табодули таҷриба ва амсоли инҳо; 
‒ омода намудани ҳисобот оид ба фаъолияти МТИК дар давраҳои ҳисоботӣ; 


Айни замон дар МТИК мутахассисони ботаҷриба кору фаъолият намуда, барои таъмини заминаи моддӣ-техникии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ саҳми худро мегузоранд. 


Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони МТИК дар синфхонаҳои компютерӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, синфхонаҳои таълимии дорои тахтаҳои электронию проекторҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд. Мувофиқи дархосту пешниҳодҳои факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ оид ба бартараф намудани нуқсонҳои техникӣ, таъмири компютерҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ корҳои ташхисиву таҳлилӣ гузаронида шуда, нуқсонҳои техникии бамиёномада бартараф карда мешаванд.