Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Факултетҳо


Fho600.jpgБо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Факултети ҳисобдорӣ ва омор бо қарори Шӯрои олимони донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) таҳти рақами №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст. 


Бояд қайд кард, ки ба факултети ҳисобдорӣ ва омор таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров Ғиёсиддин Садриддинович чор кафедраи тахассусӣ баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ ва омор, аудит ва ревизия вобаста карда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки кафедраи баҳисобгирии муҳосибиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобомуродов Бобомурод Элмуродович, кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва оморро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шодиев Куҳзод Қурбонбоевич, кафедраи аудит ва ревизияро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тилабов Ёрибек ба ӯҳда доранд. 





Moliya400.jpgКафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ


Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ яке аз аввалин кафедраҳои тахассусе мебошад, ки аз рӯзи аввали таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намуда, то ба имрӯз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварро бо мутахассисони баландихтисоси равияи баҳисобгирии муҳосибӣ таъмин намуда истодааст. Дар факултети ҳисобдорӣ ва омор кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ кафедраи бонуфуз буда, дар чор самти ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ мутахассисони касбиро тайёр менамояд. Иқтидори кадрии кафедра ба талаботҳои асосӣ ҷавобгӯ буда, тибқи нақшаи ҷорӣ ва перспективии худ дар самти таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва байналмилалӣ фаъолияти худро пурсамар пеш бурда истодааст.

Баҳисобгирии муҳосибӣ яке аз серталабтарин касбҳо дар бозори меҳнат буда, мақсаду мароми кафедраи мазкур тибқи талаботҳои бозорӣ омода намудани мутахассисони касбии ба рақобат тобовар мебошад.






Moliya400.jpgКафедраи аудит ва ревизия


Кафедраи аудит ва ревизия тахассусӣ буда, дар сохтори факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият менамояд. Кафедра донишҷӯёнро аз рӯи ихтисоси 1-25011100-аудит ва ревизия дар фазои солими таълимӣ-методӣ ва илмӣ омода менамояд. Баҳри таҳкими донишҳои назариявию амалӣ устодони кафедра дар сатҳи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия донишу малакаи худро пайваста такмил медиҳанд. Кафедраи аудит ва ревизия бо кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, аз ҷумла: Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, инчунин мақомотҳои давлатии соҳаи аудит ва ревизия ба монанди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, доимо таҷрибаю малакаи устодонро сайқал медиҳад. Донишҷӯёни ихтисоси кафедра дар корхонаю ташкилотҳои бахши давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ гузашта, донишҳои назариявии худро пурра менамоянд. Натиҷаи фаъолияти босамари кафедра ва ҳамкориҳои дохилию берунии судманди он боис шудааст, ки хатмкунандагони ихтисоси аудит ва ревизия дар бозори меҳнат ба рақобат тобовар гардида, аз тариқи озмунҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷумҳурӣ ба кор қабул мешаванд.



Moliya400.jpgКафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор


Кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор , яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, аз аввали таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ-илмӣ-методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда, таълиму тарбияро дар асоси барномаи давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад.

Бояд қайд намуд, ки кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор филиали худро дар назди Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии иқтисоди”- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамкории мутақобилаи илмӣ, таълимӣ ва методӣ, татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия, ҷалб намудани мутахассисони соҳавӣ барои хондани курсҳои махсус аз фанҳои тахассусӣ, роҳбарии рисолаҳои хатми хатмкунандагон ва ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷуёни тахассусии кафедра кушодааст.

Фаъолияти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор аз руйи се ихтисос ба роҳ монда шудааст: 1-25010201-иқтисодиёти таҳлилӣ; 1-26010301-танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ ва 1-25010500 - омор.

Устодони кафедра вобаста ба самти илмии кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд ва вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз ҳамасола дар кафедра конфронс, мизҳои мудаввар, семенари илмӣ-амалӣ, маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Таҳлилгари ҷавон” ва зермаҳфилҳои “Зеҳн” бо даъвати мутахассисони соҳа гузаронида мешавад. Кафедра дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - техникӣ ва кадрӣ буда, дар тайёр кардани мутахассисон, устодони ботаҷриба барои дарёфти дараҷаи илмӣ саҳми арзанда дорад ва аз рӯи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис омода мекунад.