Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ОҚИБАТҲОИ НОГУВОРИ ТЕРРОРИЗМ

        Терроризм зуҳуроти ба ҷомеа хатарнок буда, мақсади аслиаш бо роҳи террор аз байн бурдани рақибони сиёсӣ, дар ҳарос мондани мардум, ғасби ҳокимият, барангехтани низоъҳои динию миллӣ ва амалҳои дигар мебошад, ки пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунанд. Бахусус, фаъолияти ин гурўҳҳо дар кишварҳои мухталифи мусалмоннишин, ки аз қатлу куштор, ваҳшоният, тарконидани муассисаҳои динию таълимӣ ва ғайра иборат аст, исботи гуфтаҳои болост. Гурўҳҳои террористию ифротгароӣ дар зери ниқоби ғазавот иддае аз ҷавонони дур аз донишҳои динию дунявӣ ва тафаккури пастдоштаро мағзшўӣ ва гумроҳ карда, ба сафи худ ҷалб месозанд. Хусусан, айни ҳол аз рушди бемайлони технология истифода карда, ба василаи он бо роҳу равиши зиракона афкори ҷавонони зиёдеро аз нуқоти гуногуни олам тағйир дода, ононро ҳамрадифи хеш месозанд. Аз ин ҷост, ки тайи даҳсолаҳои охир, шумораи равияву ҳаракатҳои ифротию террористӣ афзуда, майдони амалиётии онҳо васеъ гардида истодааст.
        Мутаассифона, имрўз гурўҳҳои зиёди ифротию террористие дар ҷаҳон, хусусан кишварҳои исломӣ фаъолият мекунанд, ки аз номи ислом баромад намуда, исломро доғдор месозанд, ҳол он ки амалҳои анҷомдодаи онҳо на решаҳои ахлоқӣ доранду на решаҳои инсонӣ. Тавре аз расонаҳои хабарӣ огаҳ мегардем, ин гурўҳҳо тавассути амалҳои ваҳшиёна, ки иборат аз қатлу куштор, тарконидани ҷойҳои ҷамъиятӣ, одамрабоӣ, зўроварӣ, дуздию ғорат ва амсоли инҳост, дар кишварҳое чун Афғонистон, Сурия, Ливия, Ироқ, Яман, Нигерия ва ғайра ҳазорҳо одами бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, миллионҳо одам гуреза, садҳову ҳазорҳо нафари дигар бе сарпаноҳ монда, роҳу пулҳо хароб ва шаҳрҳо ба харобазор табдил ёфтаанд.
       Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз ибтидои соҳибистиқлолӣ амалу рафтори ҳама гуна гурўҳҳои ифротию террористиро, ки мақсадашон ноором сохтани ҷомеа мебошад, кирдори ғайриинсонӣ номида, бар зидди ин гуна ҳаракатҳои ҷудоиандоз пайваста мубориза мебарад. Бо ташаббуси Сарвари давлат чандин конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм дар Душанбе баргузор шуд, ки ҳадаф аз он муборизаи дастҷамъона бар зидди ин ҳаракатҳои тундрав мебошад. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое маҳсуб меёбад, ки дар ҳамаи тадбирҳои байналмилалӣ барои решакан кардани терроризм фаъолона ширкат менамояд ва мубориза бар зидди гурўҳҳои тундгароро яке аз аҳдофи худ мешуморад.
       Пешвои миллат оқибатҳои манфии терроризму экстремизмро ба ҷаҳониён фаҳмонида, дар яке аз ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чунин ҷумлаҳо таъкид намуданд: «... ифротгароиву терроризм бо тамоми зуҳуроти зишти худ ҳеҷ рабте ба миллат, дину мазҳаб ва шаҳрвандӣ надорад» ва вобаста ба ин изҳор доштанд: «...танҳо ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи асосии муборизаи самаранок ба мақсади рафъи мушкилоти терроризм мебошад».
       Ҳамин тариқ, бояд таъкид намуд, ки терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби ба ҷомеа хавфнок мебошад, ки ба сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагии ҳар як давлату миллат хатар эҷод намуда, метавонад амнияти ҳар як кишварро аз байн барад. Аз ин рў, дар шароити имрўза, ки раванди ҷаҳонишавӣ вусъат пайдо намуда, техникаву технология бо суръати кайҳонӣ рушд дорад ва гурўҳҳои манфиатҷў аз ин тамоюл хуб истифода мебаранд, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надода, ба қадри сулҳу ваҳдат, амният ва оромии кишвари азизамон бирасем.


 Маҳтоб Ҳамидова, муаллими калони кафедраи менеҷмент