Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

      Мақсад ва яке аз ҳадафи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар мебошад, ки ин ҳадаф маҳз аз рушди иқтисодиёти давлат сарчашма мегирад.

       Нишондиҳандаи иқтисодии муҳимме, ки ба сатҳи некуаҳволии мардум таъсиррасон мебошад, даромадҳои пулии аҳолӣ мебошанд. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 147 млрд сомонӣ ва афзоиши он ба 30,4 фоиз баробар шуд, ки онҳо нисбати соли гузашта мутаносибан 34,3 млрд.сомонӣ ва 0,9 банди фоизӣ зиёд мебошанд. Пайваста афзудани даромадҳои пулии аҳолӣ нишони рушди иқтисодиёт, ташкили корхонаю коргоҳҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, афзудани моҳонаю иловапулиҳо ва истифодаи техникаю технологияи навин дар раванди истеҳсолот мебошад. Бинобар ин, муҳим аст, ки устувории суръати рушди иқтисодиёт нигоҳ дошта шуда, ҳосилнокии меҳнат пайваста афзоиш дода шавад.

       Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд ва таъкид карданд, ки бо мақсади ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ то охири соли 2025 тамоми соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ роҳандозӣ карда шаванд.

        Бояд ёдовар шуд, ки технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисодиёт мебошанд. Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдори кишвар бояд дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қадамҳои устувор гузоранд, зеро он яке аз роҳҳои асосии таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.

         Инчунин таъкид карда шуд, ки “гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ” аҳаммияти хоса дорад. Албатта дар ин раванд зарурати истифода аз технологияҳои рақамӣ пайваста меафзояд, зеро онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисодии он мегардад.

        Дарвоқеъ, дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат имкон медиҳад, ки суръати баланди рушди иқтисодиёт, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамуда таъмин гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллии мардуми Тоҷикистон шароити мусоид муҳайё карда шавад.


Умарзода НАВРӮЗ декани факултети иқтисод ва бизнес