Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Доништакмилдиҳии устодони ДМИТ дар Чин

Доништакмилдиҳии устодони ДМИТ дар Чин

Рӯзҳои 18 августи то 8 сентябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Халқии Чин Пекин семинари навбатӣ дар мавзӯи «Сармоягузории тиҷоратӣ ва идораи хатари иқтисодӣ дар рушди давлат»  баргузор гардид.

Ташкилкунандаи он Академияи мансабдорони бизнеси байналхалқии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии халқии Чин буд.

Аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ, н.и.и., дотсент Ҷӯраев Хуррам иштирок намуда, дар он баромад кард.

Тавре Ҷӯраев Х. иброз дошт, семинар асосан ба иқлими сармоягузории Ҷумҳурии халқии Чин бахшида шуда буд ва дар он аз 17 давлат 72 нафар ширкат варзиданд.

Семинар дар шаҳрҳои Шанхай ва Денҷонг баргузор гардиданд.

Дар доираи машғулиятҳои амалӣ иштирокчиёни семинар ба заводи мошинбарории бо қувваи барқ харакаткунандаи Денҷонг рафта, бо раванди истеҳсоли ин намуди автомобил шинос шуданд. Аз он ҷумла меҳмонон бо заводи филтри оббарорӣ, муассисаи дару тирезаҳои алюминийбарорӣ, фабрикаи мурғпарварӣ ва мактаби файласуфи машҳури халқи Чин «Конфутсий» низ шинос шуданд.

Ҳамчунин ба иштирокчиёни семинари мазкур дар мавзӯъҳои ба идораи хатар ва таваккали иқтисодӣ бахшидашуда баромадҳо пешниҳод гардиданд. Дар натиҷа, Ҷӯраев Х.Ғ. ва дигар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломҳои махсус сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин барнома қаблан муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Баҳром Сафаров ба Ҷумҳурии Халқии Чин сафар карда, донишкадаро дар он ҷо муаррифӣ намуд.

Инчунин дар назар аст, ки ин барнома давом ёфта, устодони донишкада дар он фаъолона иштирок хоҳанд кард.


Машҳура Абдуллоева