Хабарҳо

Пешдифоъ дар кафедра
Дар кафедраи назарияи иқтисодии донишкада пешдифои муаллими калони кафедра Қараев Рустам Худоёрович баргузор гардид. Мавсуф кори номзадии худро ба мавзӯи «Ташаккул ва рушди бозори хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор К. Раҷабов пешниҳоди ҳозирин намуд.
Унвонҷӯ Р. Қараев дар баромади худ доир ба зарурати мавзӯи мазкур ва сохтори кори илмияш иттилоъ дод.
Дар охир, кори пешниҳодгардида мавриди муҳокимаи аҳли нишаст гардид.
Н. Тӯйчизода