Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфили илмии “Ҷустуҷӯи эҷодӣ”

Маҳфили илмии “Ҷустуҷӯи эҷодӣ”

Санаи 29 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва муомилоти пулӣ маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни бахшҳои 2-юм, 3-юм ва 4-уми ихтисоси молияи факултаи молия ва қарз иштирок намуданд.

Дар он донишҷӯи курси 3 ихтисоси молия Ҳоҷиев Осимҷон дар мавзӯи “Батанзимдарории бозори коғазҳои қиматнок дар шароити иқтисоди бозоргонӣ” баромад намуда, оид ба мафҳум, намудҳо, роҳҳои батанзимдарорӣ ва имкониятҳои рушди бозори коғазҳои қиматнок маълумот дод.

Аминов Ҷомӣ, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси молия дар мавзӯи “Фондҳои мақсадноки давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза карда, доир ба ташкилёбӣ, мақсад ва вазифаҳои он ахбороти мухтасар дод. Ҳамчунин донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси молия Шамсов Сайидо оид ба мушкилот ва монеаҳои дар раванди таъсисёбӣ ва фаъолияти корхонаву ташкилотҳо ҷойдошта ибрози ақида намуда, роҳҳои бартараф кардани онҳоро баён намуд. Донишҷӯён Ҳомидов Саидҷон, Мирзоев Ҳоким ва Малаева Манзура бо таклифу суолҳои хеш ибрози андеша карданд. Аз ҷумла онҳо дар бораи низоми андозбандӣ ва мавҷудияти имтиёзу дастгириҳои давлатӣ баромад намуда, такмилдиҳии онро пешниҳод намуданд.

Дар охир, донишҷӯён саволу пешниҳодҳои худро оид ба мавзӯъҳо иброз намуда, посухҳои қаноаткунанда гирифтанд. Бояд қайд кард, ки иштирокчиён аз маҳфили баргузоршуда ба худ ѓизои маънавӣ гирифта, донишҳои худро мукаммал сохтанд.


М. Абдуллоева