Хабарҳо

Гумрукчиён доир ба оиладорӣ баҳс мекунанд
Рӯзи 30 сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукӣ маҳфили илмии донишҷӯён баргузор шуд. Он ба мавзӯи «Оилаи солим – ҷомеаи солим» бахшида шуда буд.
Маҳфилро мудири кафедраи мазкур дотсент Қудратулло Мираков кушода, қайд намуд, ки ин ҳамоиши илмӣ ба ифтихори Соли оила омода гардида, мавзӯи мубрам мебошад. Сабаби соли оила эълон гардидани соли 2015 низ ба хотири устуворӣ ва пойдории оилаҳои тоҷик аст, зеро вақтҳои охир пошхӯрии оилаҳо бештар ба назар мерасанд. Барои пешгирии ин зуҳурот мо бояд ҷавононро пеш аз хонадоршавӣ бо фарҳанги оиладорӣ ошно сохта, онҳоро ба ҳаёти мустақилона тайёр намоем. Ба онҳо сабурӣ, таҳаммулпазирӣ, одоби муошират, сарфакорӣ, рӯзѓордорӣ ва дигар амалҳои некро талқин сохтан лозим, гуфт мавсуф.
Сипас Зафар Ҳалимхонов, устоди кафедра бо овардани мисолҳои мушаххас доир ба муошират бо калонсолон, муносибати байни зану шавҳар, тарбияи фарзандон ва боқаноату пурбардор ва боандеша будани ҷавонон фикрронӣ намуд.
Донишҷӯёни курсҳои 2 ва 4-уми ихтисоси хадамоти гумруки факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Мавлуда Юсупова, Парвиз Мирзоев, Тоҷиддин Ашуров, Ҳусния Худоназарова дар мавзӯъҳои «Оилаи солим кафолати ҷомеаи солим аст», «Нақши зан дар таҳкими оиладорӣ», «Оқибатҳои издивоҷи хешутаборӣ» ва ѓайраҳо баромад карда, проблемаҳои асосии оилаи имрӯза ва роҳҳои таҳкими онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар баромадҳо пешниҳод карда шуд, ки барои баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар мактабҳои олӣ низ дарсҳои оиладорӣ ҷорӣ карда шаванд, ки он мактаби бузурги ҳаёт хоҳад буд.
Машҳура Абдуллоева