Хабарҳо

«Фарҳангдӯст» ташаккулдиҳандаи фарҳанги маънавист
Бо ташаббуси раёсати илм ва кафедраи фанҳои гуманитарии донишкада рӯзи 30 сентябри соли ҷорӣ аввалин маҳфили тарбиявии донишкадавии «Фарҳангдӯст» доир гардид.
Ин нахустнишастро сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишкада Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, аҳли толор ва ташкилкунандагони онро бо оғози фаъолият шодбош гуфта, ин ҳамоишро анъанаи некфарҷом ва таконбахши маърифати устодону доништалабон арзёбӣ кард.
Дар маҳфил Ғуломҷон Мирзоев, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Назари фалсафӣ доир ба фарҳанг» баромад ва дар бораи ҳастӣ, офариниш, фарҳанг, ташаккули фарҳанги маънавӣ ибрози ақида кард. Мавсуф аз ҷумла гуфт, ки дар илми фалсафа фарҳангро табиати дувум маънидод мекунанд. Агар дар маҷмӯъ ҳамаи корзори одамиятро таҳлил кунем, муайян мешавад, ки фарҳанг ифодакунандаи натиҷаҳои тамоми фаъолияти инсон маҳсуб мегардад. Фарҳанги маънавии инсони муосир аз тамоми қисматҳои донишҳои инсонӣ ба вуҷуд меояд, яъне ташаккули фарҳанги маънавӣ аз маҷмӯи тамоми донишҳои инсонӣ иборат аст. Меҳвари фарҳанги инсонӣ дониш ва хирад ба шумор меравад. Дониш таҷассумгари ҳама анвои соҳаҳои дигар маҳсуб меёбад. Бинобар ин фарҳанги инсони муосирро бе ин унсурҳо тасаввур кардан имконнопазир аст. Ба ин унсурҳо нутқ, забон, адаб дохил шуда, бештар ба тозагии нутқи худ таваҷҷуҳ кардан ин шарти зарурист. Дар бораи илмҳои муосири имрӯза доштани тасаввуроти умумӣ, ки дар ин замина ҷаҳонбинии ҳар нафар ташаккул меёбад, барои ҳар як инсони муосир ҳатмист, гуфта, дар охир баромадкунанда донишҷӯёнро ба донишомӯзӣ даъват кард.
Баъдан Ғ. Мирзоев ба суолҳои сершумори толибилмон дар бораи шарҳи абёти классикӣ, ташаккули фарҳанги маънавӣ, китоби муқаддаси «Қуръон», ҳадисҳои набавӣ ва дигар мафҳумҳо посухҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми маҳфил устодон М. Кошонова, Қ. Муқимов, А. Муллоҷонов ва дигарон ба музокира баромада, баргузории ин қабил нишастҳои илмиву тарбиявиро талаби замон ва таконбахши маърифати ҳамагон донистанд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили тарбиявии «Фарҳангдӯст» моҳе як маротиба, рӯзҳои чоршанбеи охири ҳар моҳ баргузор гардида, масоили мубраму мароқангезро барои доираи васеи устодону толибилмон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор медиҳад. Шиори маҳфил: «Ташаккули фарҳанги маънавӣ шиори мост».
Машҳура Абдуллоева