Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сафи устодони унвондор меафзояд

табрикот2501.jpg

Боиси хушнудист, ки сафи устодони унвондор дар донишкада рӯз ба рӯз меафзояд. Ин навбат се нафар омӯзгорон бомуваффақият рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Аз ҷумла Темурбекова София Давронбекова, устоди кафедраи информатикаи донишкада рӯзи 30 июни соли 2015 дар Пажӯҳишгоҳи математика ба номи А. Ҷӯраеви АИҶТ дар мавзӯи «Приближение дифференцируемых в смысле Вейля функций и значение поперечников некоторых функциональных классов» таҳти роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, академики АИҶТ, профессор Шабозов Мирганд Шабозович бомуваффақият ҳимоя карда, номзади илмҳои физикаю математика шуд.


Назриева Ойниёл Шарифовна, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ рӯзи 25 сентябри соли равон дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинови АИҶТ зери роҳбарии Саидов Абдулманон Саторович, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва Одинаев Ёқуб Қурбонович, номзади илмҳои фалсафа, профессор дар мавзӯи «Философско-этические воззрения Фахриддина Ираки» бо пирӯзӣ ҳимоя намуда, номзади илмҳои фалсафа гардид.

табрикот250.jpg

Тилабов Ёрибек Эмомназарович, эдвайзери факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ бошад дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи «Формирование инвестиционных ресурсов в условиях низкого уровня внутренних сбережений (на примере Республики Таджикистан)» зери роҳбарии н.и.и., дотсенти кафедраи суғуртаи ДМИТ Ҳомидов Аслон Умарович ҳимоя намуда, номзади илмҳои иқтисодӣ шуд.

Аҳли кормандон ин устодони комёбро бо ин музаффарият муборакбод намуда, баҳрашон фатҳи қуллаҳои нави эҷодӣ ва сиҳатии комилу саодати зиндагиро таманно доранд.