Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси хештаншиносӣ

Дарси хештаншиносӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои донишкада ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино рӯзи 1 октябри соли равон чорабинии сиёсӣ дар мавзӯи «Хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ» вобаста ба иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш, 1 сентябри соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ироа гардид, гузаронида шуд.

Дар он Ҷамшед Саидов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наҳтулло Назаров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Таваккал Камолов, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ҷамъомадро ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки аз рӯи таъкидҳои Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола дар Рӯзи дониш менамоянд, мо нақша-чорабиниҳо тартиб дода, онро амалӣ месозем. Ин корҳо барои худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ нигаронида шудаанд.

Вакили мардумӣ Ҷамшед Саидов зимни баромадаш аз воқеоти рӯзҳои ахир ва ҷангҳои Шарқи наздик ёдовар шуда, бо овардани омори нигаронкунанда аҳли нишастро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ даъват намуда, афзуд, ки он нафаре, ки дониши казоии диниву дунявӣ дорад, ҳеҷ гоҳ ба дасисаву иғво дода намешавад. Аз рӯи маълумотҳо маълум гардид, ки 651 нафар тоҷикистонӣ, ки аз инҳо 19 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, дар мамлакатҳои даргир меҷанганд. Бинобар ин аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои дарк кардани моҳияти инсондӯстии дини ислом ва рукнҳои он китоби муқаддас «Қуръони маҷид»-ро ба хати кириллӣ бихонанд. Вақти худро беҳуда нагузаронида, аз пайи донишандӯзӣ ва забономӯзӣ буда, дар шукуфоии кишвари азиз саҳм гузоранд ва иқдоми созандаро дастгирӣ кунанд.

Сипас Саъдулло Носиров, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Оини ватандӯстӣ», Ғуломҷон Мирзоев, дотсенти ҳамин кафедра дар мавзӯи «Худшиносии шахсӣ ва худшиносии миллӣ» ва Наҳтулло Назаров баромад карданд.

Қайд гардид, ки худшиносӣ аз шинохти зодгоҳи худ оғоз мегардад. Шинохти шахсии ҳар нафар пайомади шинохти миллиро ба миён меорад.

Таърих исбот намудааст, ки миллатҳое, ки баҳри рушду нумуи давлати миллии худ мубориза мебаранд, ҳадафҳои худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи васеи шаҳрвандон таблиғу ташвиқ намуда, онро ҳамчун ғоя ба хислати ҳамагонӣ табдил диҳему барои инкишофи босуръати Ватани азиз саҳмгузор бошем.

Вобаста ба вазифаҳои аҳли ҷомеа ёдрас шуда, баромадкунандагон рисолати ҷавононро дар мустаҳкам намудани мафкураи миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ донистанд. Гуфта шуд, ки ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд. Ҳамзамон ташаккули мафкураи зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавонон, муҳаббати беандоза ба Ватан, парҳез аз бегонапарастиву таассуби динӣ, моҷароҷӯйӣ, терроризм ва экстремизм вазифаи тамоми сокинони мамлакат маҳсуб меёбад.


Машҳура Абдуллоева