Хабарҳо

Пешниҳодҳо баҳри такмили муносибатҳои суғуртавӣ
Бо ташаббуси кафедраи суғурта дар санаи 29.09.2015 семинари илмӣ дар мавзӯи «Алоқамандии рушди иқтисод ва такмили муносибатҳои суғуртавӣ» баргузор гардид.
Баромадкунанда дотсент Маъдиев С таваҷҷуҳи ҳозиринро ба яке муаммоҳои рӯзмарраи такмилдиҳии муносибатҳои суғуртавӣ ҷалб намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки замони имрӯза бо хусусияти худ аз ҳолатҳои эҳтимолии сар задани ҳар гуна вазъи номунтазамии раванди иқтисод ва молия сахт вобастагӣ дорад. Ҳамин аст, ки мутахассисон ва коршиносони соҳа барои пешакӣ аз ин гуна ҳолатҳои ғайричашмдошт худро пешгирӣ намудан роҳу воситаҳои омӯзиш ва идоракунии хавф ва ҳодисаҳои суғуртавиро мавриди истифода қарор медиҳанд.
Аз ин ҷиҳат, мавзӯи семинари илмӣ-назариявии барпогардида хело ба маврид буда, дар он масъалаҳое зимни баҳсу мунозира қарор дошт, ки ҷамъбаст ва пешниҳод намудани онҳо дар такмили муносибатҳои суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида метавонад. Ҳамзамон фикру дархостҳои дар семинари мазкур ба амаломада метавонанд дар оянда ҳамчун заминаи маводҳои таълимӣ дар иҷрои корҳои пурсамари мустақилонаи донишҷӯён, алалхусус хатмкунандагони ихтисоси суғурта истифода шаванд.
Дар музокира мудири кафедра н.и.и. дотсент Сайфуров К.Ф., сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Муқимов Қ., дотсент Ҳомидов А., устодон Тағоева Р. ва Шарипов У иштироки фаъол доштанд.
Саъдихоҷа Маъдиев
дотсенти кафедраи суғурта