Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ бо духтарон

Вохӯрӣ бо духтарон

Рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ бо донишҷӯдухтарони факултети молия ва қарз ҷаласа доир карда шуд. Дар он Қумринисо Раҳимова, раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада, Мавҷуда Давлатова, сармутахассиси шуъбаи тарбия, Раҳимова Азима, раиси Шӯрои занони факултет иштирок ва сухан карданд.

Баромадкунандагон асосан ба таълиму тарбияи духтарон таваҷҷуҳ дода, дар бораи фарҳанги либоспӯшӣ, одобу ахлоқ, фарҳанги муошират ва риояи қоидаҳои донишҷӯӣ андешаронӣ карданд. Гуфта шуд, ки маданияти либоспӯширо бояд ҳар як духтар донад ва барои тоҷикдухтар либоси миллӣ зебанда аст. Тарғиби либоси миллӣ аз дӯст доштани Ватан маншаъ мегирад. Бинобар ин, нотиқон даъват ба амал оварданд, ки бояд духтарон ба урфу одат ва арзишҳои миллии хеш арҷ гузоранд, рафтор, гуфтор ва кирдори некро пайравӣ кунанд.

Донишҷӯдухтарон Гулова Шаҳрия, Наҷмуддинова Бибиҷон ва  Азамиёни Азизахон пешниҳод карданд, ки дар хобгоҳ барои донишҷӯён маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шаванд. Ҳамчунин либоси ягонаи миллӣ барои духтарони донишкада ҷорӣ карда шавад.

Раиси Шӯрои духтарони факултет Амонова Дилнора бошад, як порча шеъри эҷоднамудаи худро қироат намуда, табъи дили ҳозиринро шод гардонид.

Дар охири ҷаласа донишҷӯдухтарони факултет фикру ақидаҳои худро оид ба пешбурди босамари фаъолияти минбаъдаи Шӯрои занон ва духтарони факултет иброз доштанд.


Машҳура Абдуллоева