Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавонон ва ташаккули донишҳои ҳуқуқӣ

Ҷавонон ва ташаккули донишҳои ҳуқуқӣ

Ба шарофати Иди касбии омӯзгорон маҳфили навбатии «Ҳуқуқдони замони муосир»-и кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар мавзӯи «Нақши омӯзгор дар ташаккули шуури ҳуқуқии ҷавонон» доир гардид. Роҳбари маҳфил, устоди кафедраи мазкур Навоиддин Носиров дар ин мавзӯъ баромад намуда, изҳор дошт, ки дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ бояд ҷавонону донишҷӯён аз илмҳои замонавӣ ва ҳуқуқ ба куллӣ баҳраманд  ва бархурдор бошанд ва дар ин самт, яъне дар азбаркунии донишҳо нақши омӯзгор муассир аст. танҳо тавассути дониш ва тарбияи дуруст мо метавонем фотеҳи қуллаҳои баланди инсонӣ шавем. Дар ин кор, албатта, муаллим моро раҳбалад аст. Ӯ инсони ҳамаҷиҳата тайёр буда, кори таълиму тарбияро аз рӯи талаботи педагигика бо истифодаи методҳои гуногун пеш мебарад ва ба хонандагон дониш, маҳорат ва малака медиҳад, гуфт мавсуф.

Баъдан доир ба мавзӯъ донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Аҳлиддин Назарзода, Рустам Неъматов, Давлаталӣ Темиров, Амирҷони Маҳсиддин баромад карда, дар бораи мавқеъ ва ҷойгоҳи омӯзгор дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва шахсияти инсон ибрози андеша намуданд. Донишҷӯи курси 2 Дилрабо Саидова дар васфи омӯзгор аз чакидаи қалами хеш шеърҳо қироат карда, бо ин эҳтирому муҳаббати шогирдро нисбати устод ифода намуд.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи асосии маҳфил дарёфти чеҳраҳои илмӣ аз байни донишҷӯён, баррасии масоили ҳалталаб, омода намудани онҳо ба корҳои минбаъдаи илмӣ ва сайқали малакаи касбии ҷавонони толибилм мебошад.

Дар охир иштирокчиён - аъзоёни маҳфил ва донишҷӯён доир ба мавзӯъ музокира намуданд.


Насрулло Тӯйчизода