Хабарҳо

Арҷгузорӣ ба омӯзгор ва забони давлатӣ
Бахшида ба таҷлили Рӯзи забон ва Иди муаллимон санаи 5 октябри соли равон дар донишкада конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Нақши забони давлатӣ дар таҳкими ҷомеаи миллӣ" барпо гардид. Дар кори он Мартаба Муминова ва Амирҳамза Сатторов, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Лутфулло Алиев, мутахассиси пешбари бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода кушода, аҳли толорро аз номи роҳбарияти Вазорати молияи ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ бо ин ду ид табрику таҳният намуд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳиму муқаддас ба шумор меравад. Риояи меъёрҳои забони давлатӣ, бешак, масъулияти бевоситаи ҳар як омӯзгор ва зиёӣ буда, беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад. Дар донишкада низ комиссияи доимоамалкунанда оид ба татбиқи Қонуни ҶТ "Дар бораи забони давлатӣ" амал мекунад, ки корро ҷиҳати амалинамоии қонуни мазкур дуруст ба роҳ мондааст. Албатта, ҳар як нафари дар ин ҷо нишастагон муаллими аввалини худро дар хотир доранд ва маълум аст, ки инсон тӯли ҳаёт бе устод дониш гирифта наметавонад. Он донишҳое, ки дар зиндагӣ аз худ кардаем, бо заҳмату талоши муаллимон ба бор омадааст, гуфт дар охир ректор ва ба муаллимон, ки раҳнамову мураббӣ ҳастанд, дар кори пурмасъулияту бошарафашон барору комёбӣ хост.
Сипас, меҳмонон - Муминова М. ва Алиев Л. аҳли нишастро табрик карданд. Дар суханронии эшон қайд гардид, ки хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии миллии ватанамон забони тоҷикӣ дар сохтори сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ мақому мартабаи зиёдтареро соҳиб гаштааст. Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллат ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Равшан аст, ки забони давлатӣ ҳамчун шиносномаи миллат давлатро муаррифӣ намуда, он яке аз рукнҳои асосии давлатдории мо маҳсуб меёбад. Мо – соҳибзабонон муваззафем, ки риояи қатъии талаботи ин забонро, ки дар Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифода ёфтааст, таъмин намоем. Коргузориро дар тамоми соҳаҳои ҳаётамон бо забони ширину шево ва содаву фасеҳи тоҷикӣ ба роҳ монем ва онро рушду такомул диҳем.

Холназар Назаров, устоди кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар мавзӯи «Забон ва мақоми он аз нигоҳи бузургон» баромад карда, бо овардани намунае аз ашъори шоирон ва худаш дар бораи мартабаи забони тоҷикӣ баромади хеле ҷолиб намуд. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки вазифаи ҷонии ҳар як соҳибзабон он аст, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне забони ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил табдил диҳад.
Сипас ба якчанд нафар устодон ва кормандони донишкада дар вазъи тантанавӣ мукофоту сипосномаҳо супорида шуд. Аз ҷумла Зулфия Ахмедова, муовини ректор оид ба тарбия ва Наврӯз Умаров, эдвайзери факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ барои хизматҳои бенуқсон ва фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шуданд. Инчунин омӯзгорони зерин Усмонов Нурулло, Холбобоев Раҷабалӣ, Муқимов Қутбиддин, Раҷабов Бегмурод, Муминов Абдукарим, Диловаров Манучеҳр, Қаландаров Саймаҳмуд, Носиров Навоиддин, Аламшоева Н., Содиқов Меҳтар, Пираков Рустам, Сафаров Саидамир, Назриева Ойниёл, Орифҷонова Вазира, Шукуров Суҳроб барои комёбиҳо, фаъолияти бенуқсон ва дастовардҳои назарраси корӣ бо Ифтихорномаҳои донишкада сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинӣ бо қисмати бадеии бахши фарҳанги донишкада бо пешкаш намудани номераҳои ҷолибу дидании консертӣ, аз қабили сурудҳои умумӣ, рақс, мушоира ва саҳначаи ҳаҷвӣ, ки аз тарафи ҳаваскорони санъат ва мудири бахши фарҳанг Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар бо маҳорати баланди эҷодӣ иҷро гардиданд, ҳусни анҷом пазируфт.
Машҳура Абдуллоева