Хабарҳо

Ҷавонон ва гурӯҳҳои ифротӣ
Тезутундшавии вазъи ҷаҳони муосир ва ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудани ҷавонон яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва рӯзмарра ба шумор рафта, аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ҳамин мавзӯъ бо ибтикороти факултети молия ва қарз ва шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишкада рӯзи 8 октябри соли ҷорӣ семинари илмӣ-назариявӣ бо унвони «Ҷавонон ва гурӯҳҳои ифротӣ» доир гардид. Дар он Икромиддин Сатторов, корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва доираи васеи устодон ва толибилмон иштирок намуданд.
Декани факултети молия ва қарз, дотсент Шукрулло Хайров ҳадафи баргузории ин семинарро омӯзиши раванд ва омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва пешгирии он арзёбӣ намуда, афзуд, ки чун ҷомеаи мо дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад, аз ин рӯ пайравии ҷавонон ба ҳар гуна мафкураҳои носолим барои амну суботи мамлакат нигаронкунанда аст.
Баъдан толибилмони факултети мазкур: Суҳайлӣ Мардонов, донишҷӯи курси 4 дар мавзӯи «Интернет ҳамчун воситаи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ», Дилнора Амонова, донишҷӯи курси 2 дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот», Манзура Маллаева, донишҷӯи курси 4 дар мавзӯи «Омилҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он», Оқил Зоиров, донишҷӯи курси 4 дар мавзӯи «Ислом ва терроризм» маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки дар ҳошияи ин ҳама фалокату мусибати ба сари мардуми ҷафодидаи мамолики даргир омада, бояд мо ҳам ҳушёр бошему аз оқибати ҳалокатбори тафриқаандозию фирқагароӣ амиқ биандешем. Феълан ҷавононро мебояд, ки бедорию зиракиро аз даст надода, фирефтаи шиорҳои дурӯғини ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба зоҳир исломию дар асл экстремистию террористӣ нашаванд.
Саҳми ҷавонон дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа басо назаррас аст. Ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Фаъолияти рӯзмарраи ҷавонон бояд ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯй бошад, гуфтанд маърӯзачиён.
Дар музокира устодон Муллоҷонов А., Бегматов А., Хоҷаев Д. ва Сатторов И. баромад карданд.
Омилҳои асосии пайвастани ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ дар надоштани ҳадафи муайян ва хуб фаро нагирифтани донишҳои замонавию динӣ, бемуайян ва нодуруст истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, сабукфикрӣ ва зудбоварӣ донистанд. Тавсия дода шуд, ки ҷавонон баробари гирифтани донишҳои соҳавӣ, инчунин донишу ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳушёрии сиёсиро доро ва дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, суботу оромии кишвар саҳм дошта бошанд.
Машҳура Абдуллоева