Хабарҳо

Рушди соҳибкорӣ - талаби замон
10 октбяр бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар донишкада дар мавзӯи «Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид. Онро ноиби ректор оид ба илм, номзади илмҳои иқтисодӣ Ѓиёсиддин Ашӯров ифтитоҳ ва ҳамагонро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон табрик намуд. Номбурда аз ҷумла иброз кард, ки фаъолияти самараноки соҳибкорӣ таъминкунандаи шароит барои рушди иқтисодиёт ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат мебошад.
Сипас Матлюба Ӯлҷабоева - раиси раёсати Ассостатсияи миллии соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақш ва аҳамияти соҳибкорӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад кард. Маърӯзачӣ мавқеъ ва нақши соҳибкоронро дар пешрафти иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки набояд фаъолияти соҳибкорон аз назари давлат дур бошад ва соҳибкор бояд доимо дар доираи нақшаи дурнамои худ рушд ёбад.
Директори ташкилоти ҷамъиятии «Чашма» С. Имомназарова, мудири кафедраи таҳлили иқтисодии ДМИТ Б. Музаффаров, муаллими калони кафедраи таҳлили иқтисодӣ К. Шодиев, донишҷӯи курси дуюми факултети ҳисобдорӣ ва омор Шарофат Халилова низ дар робита ба мавзӯи мизи мудаввар баромад намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна ба китобхонаи донишкада якчанд китоб, аз қабили «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маҳсулнокӣ ва рақобатпазирӣ», «Соҳибкор чиро бояд донад?», «Банкротства индивидуального предпринимателя», «600 пурсиш ва посух оид ба андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ тақдим карда шуд.
Насрулло Тӯйчизода