Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯёни ДМИТ дар НОБ-и Роғун ҳунарнамоӣ карданд

Донишҷӯёни ДМИТ дар НОБ-и Роғун ҳунарнамоӣ карданд

Рӯзи 9 октябри соли равон зиёда аз 50 нафар аз ҷумла донишҷӯёни волонтёр, толибилмони ятимони кулл, аъзоёни бахши фарҳанг ва кормандону устодон ва ректори донишкада Солеҳзода А.А. барои боздид бо бунёдкорон ба НОБ-и Роғун сафар намуданд.

Меҳмононро роҳбарияти ноҳияи Роғун ва ҶСК «Нерӯгоҳи обии барқии Роғун» хуш қабул карданд.

Дастаи ҳунарии донишкада дар назди коргарон-бунёдкорони ин сохтмони бузурги аср бо пешниҳоди барномаи ҷолиби ҳунарӣ иборат аз суруду рақс, саҳначаи ҳаҷвӣ ва мушоира баромад карда, рӯҳи ҳозиринро болида гардониданд.

Ректор Солеҳзода А.А. зимни суханронӣ қайд намуд, ки устодону донишҷӯёни ДМИТ дуруст дарк менамоянд, ки дар шароити имрӯза бунёди иншооти муҳими аср барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, онро тамоми мардуми кишвар интизораш ҳаст. Роғун аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси Осиёи Миёна калонтарин, аз ҷиҳати ҷойгиршавии агрегатҳои зеризаминӣ дар ҷаҳон беназир буда, дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон мавқеи тақдирсоз дорад. Аз ин рӯ, НОБ-и Роғунро бо ифтихор сарчашмаи бахту саодат, ҳаёту мамоти миллат ва омили муҳиму тақдирсози кишвар меноманд. Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди тоҷик аст. Неругоҳи Роғун ба мактаби таҷрибаи мактаби пешқадам, дӯстию рафоқат ва майдони далерию шуҷоат, ҷабҳаи номусу нанг табдил ёфтааст.

Рогун4001.jpgБо бунёди ин неругоҳ на фақат проблемаи Тоҷикистон, балки проблемаи минтақа дар самти бо барқ ва об таъмин шудан ҳалли худро меёбад. Дар ин объекти муҳим кору фаъолият намудан кори осон нест ва имрӯз мо бо чашми худ дидем, ки Шумоён чӣ гуна корҳои бузургро ба анҷом расонда истодаед. Ва яке аз дастоварди муҳими НОБ-и Роғун дар он буд, ки лоиҳаи нерӯгоҳ аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ эътироф гардид. Ин нерӯгоҳ пайвасткунандаи наслҳо буда, номи бунёдкорони он дар таърихи ҷаҳон мемонад. Қаҳрамонию ҷасорати шумо ҳаст, ки корҳои азимро ба анҷом расонида истодаед, аҳсант ба Шумоён, гуфт дар охир ректор ва ба Сайдулло Абдулаҳадов, сардори раёсати кадрҳои ҶСК «Нерӯгоҳи обии барқии Роғун» меҳрномаи ҳайати устодон ва донишҷӯёни ДМИТ ва логотипи онро барои хотира супорид.

Дар баробари худ Абдулаҳадов С. барои ташриф ва баромади ҷолиби дастаи ҳунарӣ ба аз номи роҳбарияти корхона арзи сипос кард.

Тавре медонем, аҳамияти муҳими стратегии ин маҷмааи гидроэнергетикӣ, ки сохтмонаш идома дорад, на танҳо истеҳсоли солонаи барқро афзун менамояд, балки имконият фароҳам меорад, ки аз рӯи реҷаи воҷиб амал намуда, дар фаслҳои сард ба қадри даркорӣ барқ истеҳсол намояд. Ин неругоҳ таъминкунандаи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон маҳсуб шуда, барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатбахш аст. Барномаи сохтмон зина ба зина ба истифода додани иншоот ва дар марҳилаи сохтмон аз ҳисоби ба истифода додани агрегатҳои аввал истеҳсоли неруи барқро дар назар дорад. Иқтидори умумии лоиҳавии НОБ-и Роғун 3600 мВт буда, минбаъд тавассути он Тоҷикистон метавонад ба содиркунандаи барқ дар минтақа табдил ёбад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ омӯзгорону донишҷӯён ба роҳбарияти ҶСК «НОБ-и Роғун» ва коргарон барои истиқболи хуш миннатдорӣ баён намуда, хушҳол аз он гаштанд, ки бо пешниҳоди номераҳои консертӣ каме ҳам бошад, рӯҳи бунёдкорони ин иншооти бузургро болида сохта, барои фатҳи набардҳои навбатӣ неруи тоза бахшиданд.


Машҳура Абдуллоева