Хабарҳо

Қадаме сӯи илм
Рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи якҷояи кафедраҳои менеҷмент, назарияи иқтисодӣ, омор ва иқтисод ва идораи ДМИТ муҳокимаи қаблии рисолаи номзадии аспиранти кафедраи менеҷмент Шарипов Умарҷон Аҳтамович дар мавзӯи «Развитие инвестиционных процессов в условиях открытости экономики (на примере РТ)», ки роҳбари илмиаш н.и.и., дотсент Солеҳзода А.А. мебошад, доир гардид.
Раисикунанда доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор В.Воҳидов дар бораи рӯзмаррагии мавзӯи рисолаи илмӣ истода гузашт. Шарипов У. баромад карда, мухтасар дар бораи мубрамии мавзӯъ, навгониҳои кор ва тадқиқотҳои анҷомдодааш ба ҳозирин маълумоти мушаххас дод. Сипас ҳозирин ба ӯ доир ба рисола саволҳо дода, ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.
Иштирокчиёни ҷаласа рисолаи номзадии Шарипов Умарҷонро бо дарназардошти ислоҳи баъзе камбудиҳои ҷузъӣ ба ҳимояи Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод намуданд.
Бояд гуфт, ки вақтҳои охир дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар донишкада пешравӣ ба назар мерасад ва он натиҷаи аттестатсияи муаллимони калон аст.
М. Абдуллоева