Хабарҳо

Гиромидошти шоир ва мутафаккир
Бо ташаббуси кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва кафедраи фанҳои гуманитарии, ҳамчунин шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишкада бахшида ба 700-солагии шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рӯзи 17 октябри соли равон мизи мудаввар бо номи «Гиромидошти мутафаккир» барпо гардид.
Онро Қутбиддин Муқимов, сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ифтитоҳ намуда, аз бузургӣ, манзалат ва асарҳои пурҳикмати ин мутафаккир ёдовар шуд. Сипас устодони донишкада Ҳ. Қурбонов дар мавзӯи «Нақши забони осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тарбияи маънавии ҷавонон» ва Абдуҷаббор Аминзода дар мавзӯи «Нақши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар густариши ислом ва адабиёти форсӣ дар Кашмир» маърӯзаҳо намуданд.
Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои амиқтар омӯхтани аҳволу осори мутафаккири бузург аҳамияти бузург дорад. Бо таҳқиқи афкору андешаҳои шоир ва орифи бузург мо бештар ба ҷиҳатҳои башардӯстӣ, инсондӯстӣ ва ахлоқии осори шоир таваҷҷуҳ намуда, беҳтарин андешаҳои инсондӯстии ӯро ба мардум мерасонем. Андешаҳои олими бузург саршор аз афкори мардумсолорӣ, покизагии ахлоқ ва ташаккули шахсият ва дигар фазилатҳои неки инсонист, ки он барои тарбияи ахлоқии насли замони муосир муҳим аст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи миллӣ ва фарҳангию ирфонист.
Дар охир, донишҷӯёни фаъоли донишкада Ҳилола Шукурова - муҳассили факултети ҳисобдорӣ ва омор ва Ҷамолиддин Шарифов - донишҷӯи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ аз эҷодиёти Ҳамадонӣ шеърҳо қироат намуданд.
Насрулло Тӯйчизода