Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шиносоӣ бо раванди таҳсил дар хориҷа

Шиносоӣ бо раванди таҳсил дар хориҷа

Дар маҳфили илмии навбатии донишҷӯёни факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ презентатсияи донишҷӯи курси 4 ихтисоси менеҷменти молиявӣ Малика Раҷабова дар бораи раванди таҳсил дар Донишгоҳи Шарқии Миёназамини Кипр шунида шуд.

Малика як семестри соли 2014-ро мутобиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён дар факултети бонк ва молияи Донишгоҳи Шарқии Миёназамини Кипр, ки ДМИТ бо он шартномаи ҳамкорӣ дорад, таҳсил намудааст. Ӯ дар бораи шартҳои таҳсил, шароитҳои ин донишгоҳ ва умуман таассуроташро ба ҳозирин гуфта гузашт.

Аз рӯи ролики намоишдодааш маълум гардид, ки дар ин муассисаи таълимӣ қариб 16000 донишҷӯ аз 32 мамлакати дунё таҳсил мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қариб 100 нафар муҳассилини ин таълимгоҳи бонуфузи дунёанд.

Малика дар бораи бардошти хуби ин сафар ва бартарияти донишҷӯёни ин донишгоҳ ибрози андеша карда, гуфт, ки дар давраи имтиҳонот китобхонаи донишгоҳ пур аз донишҷӯён буда, он 24 соат кор мекунад ва дар ин давра касе ба беҳудагардӣ машѓул нест. Ҳамчунин устодон бо муҳассилин муносибати хуб доранд. Вақти мусофират ва дурӣ аз хонавода ман бештар ба қадри Модар-Ватан ва волидонам расиданро омӯхтам. Ӯ ҳамдарсонашро ба хондан, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такомул ёфтан ва ташаббускорӣ ва истифодаи имконияти омӯзиш дар хориҷа даъват намуд.

Дар фарҷом, декани факултети мазкур Хуршед Давлатов мақсади баргузории ин маҳфилро дар ошноӣ пайдо кардани донишҷӯён бо раванди таҳсил дар хориҷа ва дуруст фаъолият кардани ҷамъиятҳои донишҷӯён арзёбӣ кард.


Машҳура Абдуллоева