Хабарҳо

Рӯзи байналмилалии омор таҷлил гардид
20 октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи омор маҳфили илмии донишҷӯёни риштаи омор барпо гардид.
Мудири кафедраи омор н.и.и. Мастура Буриева маҳфилро кушода, қайд намуд, ки аз соли 2010 сар карда, ҳамасола 20-уми октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии оморчиён таҷлил карда мешавад ва устодони кафедра тасмим гирифтанд, ки бахшида ба рӯзи касбӣ ин ҳамоиши илмиро ташкил намоянд. Оморчиёни оянда бояд дарк намоянд, ки барои рушди иқтисод ва омода намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳлил ва муқоисаи нишондодҳо маълумоти оморӣ ҳатман лозим аст. Бинобар ин, аз толибилмон талаб карда мешавад, ки барои пешбурди фаъолияти минбаъдаашон омӯзанд, такмил ёбанд ва аз болои худ кор баранд.
Донишҷӯёни ихтисоси омор Мавзуна Ниёзова дар мавзӯи «Нақши омор дар шароити иқтисоди бозоргонӣ» ва Азиза Ҳасанова дар мавзӯи «Ташкили омори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд. Ба гуфтаи маърӯзачиён омор яке аз самтҳои муҳими муайянкунандаи иқтисодиёти миллӣ буда, замони муосир аз оморчиён дониши баланди касбиро тақозо менамояд. Маҳфил бо саволу ҷавоб ва мулоҳизарониҳо ҷамъбаст гардид.
Насрулло Тӯйчизода